70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Маҳз бо шарофати истиқлол, мо аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналхалқии дунё гаштем. Тоҷикистонро 161 давлати дунё чун давлати соҳибистиқлол эътироф карда, имрўз мо бо 128 давлати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо 51 созмонҳои минтақавӣ, ҷаҳонӣ, аз он ҷумла, бо ниҳодҳои молиявӣ ҳамкориҳои гуногунҷанбаро ба роҳ мондааст. Ба ақидаи муҳаққиқи ҷавон С. Ҷаъфаров «барқарор ва рушди ҳамкориҳо бо акторҳои муносибатҳои байналхалқӣ аз ду ҷиҳат дорои аҳамият мебошанд: аз як тараф ин гувоҳи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва аз ҷониби дигар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳалли аксар масъалаҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ иштироки фаъолона дошта бошад» [16, с.3].
Умуман, ба назари мо Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасозӣ ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Истиқлолияте, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода аст, маҳз бо қабули Изҳороти Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар санаи 9 сентябри соли 1991 ба миллати тоҷик насиб гардид, ки ин бозгашти давлати тоҷикон баъд аз садсолаҳо ба арсаи сиёсати байналхалқӣ ба ҳисоб меравад.
АДАБИЁТ:
- Бунёди давлатдории навин. – М., 2002.
- Ғоибов Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрўз. Монография//Ғ.
Ғоибов. – Душанбе, 2006. – 906 с. - Давлатбеков Н. Таърихи афкори ҷамъияти-сиёсии халқи тоҷик.
Китоби дарсӣ//Н. Давлатбеков. Душанбе, 2011. – 367 с. - Заявление «О государственном суверенитете Республики Таджикистан»//Маҷмўаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷ. 1. – Душанбе, 2004. – С.10-11.
- История таджикского народа//Под общей редакции Р. Масова.
– Душанбе, 2011. – Т.6. – С.438-488. - Набиева Р. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ//Р. Набиева, Ф.
Зикриёев, М. Зикриёева. – Душанбе: Собириён, 2010. – 328 с. - Назриев Д., Сатторов И. Республика Таджикистан: история независимости. – Душанбе, 2002. -Т.1. -337 с.
- Основа новейшей государственности. – М., 2002. – 358 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё