70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Бояд тазаккур дод, ки 9 сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум баргузор гардида, дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳимми таърихӣ, аз чумла: «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ду қарори махсусро қабул кард ва дар асоси қонуни қабул кардааш ба Конститутсияи (Қонуни асосии) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйироту иловаҳо ворид намуд.
Изҳороти қабулгардида, ба ақидаи Н. Б. Ҳотамов бо назардошти тағйиротҳои дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба амал омада истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда, аз таъсисёбии давлати нави соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ дар заминаи яке аз ҷумҳуриҳои собиқи Шўравӣ дарак медод. Дар натиҷа дар харитаи ҷаҳонӣ боз як давлати нави мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд [15, с.457].
Бояд қайд кард, ки Изҳороти Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби муҳаққиқони зиёд, ки зикрашон дар боло рафт ва китобҳои бунёдию дарсӣ инъикос гардида, мусбат арзёбӣ шудааст. Ба ақидаи муҳаққиқони таърихи сиёсии Тоҷикистон Изҳороти мазкур агар аз як тараф истиқлолияти комили давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда бошад, аз ҷониби дигар боназардошти умумияти иқтисодии ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиши собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро «оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байни ҳамдигарӣ эҳтиром намуда, бастани Шартнома дар барои Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр…» – ро дастгирӣ менамояд.
Гузашта аз ин, ба ақидаи муаллифони китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» «Изҳорот сиёсати ояндаи мустақилонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар муносибатҳои байналхалқӣ «ба сифати субъекти мустақили ҳукуқи байналхалқӣ» баромад мекунад»
[15, с.457].
Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоидро ҷиҳати бунёди давлатдории миллӣ, ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, устувор намудани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи судманд бо субъектҳои дигари муносибатҳои байналхалқӣ фароҳам овард. Маҳз бо шарофати таъмини соҳибихтиёрии миллӣ муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ вусъат ёфт.
Омўзиши таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқии минтақавӣ ва байналхалқӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки кишвари мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, сиёсати мутавозин ва санҷидашудаи хориҷии хешро муваффақона пеш мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё