70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
М. ДАВЛАТОВ,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б. Ғафуров
АҲАМИЯТИ МЕҲАНПАРАСТИИ ФАННИ
ТАЪРИХ ДАР КЎҲКОРӢ ВА ИСТИХРОҶИ МАЪДАН
Дар замони ҷаҳонишавии ҷомеъаи башарӣ ҳар мамлакате, ки худро соҳибистиқлол мешуморад, аз паи ободию ба дастории комёбиҳо шуда, ба ин мақсад такя ба кадрҳои истеҳсолӣ менамояд. Лозим аст, ки ҳамин гуна кадрҳои баландихтисосро дар омўзишгоҳҳо ва макотиби олӣ омода карда, сипас ба истеҳсолот равона намоянд. Ҳамоно Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба хотири таъмини ҳаматарафаи мутахассисон даҳҳо макотиби олию миёнаи махсусро ба фаъолият андохтааст. Дар қатори онҳо Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон низ дар шаҳри Бустон арзи ҳастӣ дорад, ки ҳамасола садҳо мутахассисони соҳаҳои гуногунро фориғ намуда, ба истеҳсолот равон карда истодааст. Вақте, ки оиди кадрҳои фориғгаштаи донишкадаи номбурда сухан меравад, мо пеш аз ҳама, ҳамон ҷавонони варзида соҳиби маълумоти олӣшударо дар назар дорем. Маънои варзида шудан на танҳо аз лиҳози кори кўҳдонию маъданшиносӣ, балки ҳам аз ҷиҳати маънавию ҳам аз ҷиҳати хештаншиносӣ, ватандорию ватандўстӣ манша гирифтааст. Бо туфайли соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди консепсияи миллии омўзиши фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар партави сиёсати одилонаи давлатдориямон хислати бебаҳое гирифтааст, ки ҳар ҷавони фориғгардидаи донишгоҳ мутахассиси варзидаи замона шудааст. Яъне, дар баробари улуми ихтисосӣ, илмҳои ҷомеъашиносӣ низ иззи худашонро гузошта истодаанд.
Дар Донишкадаи Кўҳӣ-Металлургии Тоҷикистон низ кафедраи боэътимоди фанҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ арзи ҳастӣ дорад, ки он ҳам муаззаф ба тарбияи маънавии мутахассисини оянда мебошад.
Дар партави омўхтани фанҳои иҷтимоӣ, гуманитарӣ, як фанни муҳим, омўзиши таърихи Ватан ба ҳисоб меравад. Оре, бе шиноси хештану аҷдоди хеш ва таърихи гузаштагон, мароми имрўзаю фардои зиндагӣ ба субот нахоҳад расид. Тавре президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармудааст: «Мо кистем, аз куҷоем ва аз кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд?» [5, с. 5], ин аст, ки гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад.
Дарвоқеъ, дониши мероси таърихии корҳои кўҳканӣ ва маъдангудозӣ, аз давраҳои антиқа оғоз ёфта, то асрҳои миёнаю нав ба мо расидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё