Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Сайёҳи асримиёнагии араб ибни Ҳавкал, муаррихи ҳамонзамона ал-Истахрӣ, китоби «Ҳудуд-ул-олам»-и муаллифи гумном ва бисёр дигар сарчашмаҳо оиди маъдангудозии тоҷикзамин маълумотҳои зиёде додаанд: Дар Уструшан, дар наздикии шаҳри Марсманда ва дар рустоқи Минк оҳан истеҳсол карда мешавад. Маҳсули ин кор на фақат эҳтиёҷоти Фарғонаро таъмин мекард, балки ба Хуросону Ироқ ҳам кашонда мешуд. Ё, ҳар соле дар Марсманда бозори калоне мешуд ва аз ҳамонҷо ба гирду атроф ашёи оҳанӣ паҳн мегашт. Ва ё дар Асбара (Исфара) кўҳе ҳаст аз санги сиёҳ, ин мардум аз нафт истифода мебаранд ва ғайра. Ҳама муаррихону мушоҳидини қуруни вустоӣ оиди захираҳои маъдании ноҳияҳои болооби Зарафшон, водии Фарғона, минҷумла Ашту Қарамазор, ноҳияҳои Бадахшони Шарқӣ, ноҳияҳои Тоҷикистони Марказӣ ва ғайра маълумотҳои ғанӣ додаанд. Шарқшиноси бузурги рус В. В. Бартолд тамоми маводи вуҷуд доштаро оиди истихроҷи маъдан дар Осиёи Миёна ҷамъоварӣ намуда, дар асарҳояш ҷо ба ҷо кардааст. Б. Ғафуров гуфтааст, ки: «Ба туфайли тадқиқоти муфассали археологӣ ва геологӣ мо алҳол аниқ тасаввур карда метавонем, ки авзои ҳақиқии кўҳкории асрҳои IX-X чи гуна буд» [2, c. 407-408]. Ин гуфтаҳо тасдиқи онанд, ки илми таъриху амали кўҳканию маъдангудозӣ пайванди ҳамдигаранд. Аз ин лиҳоз омўхтани илми таърих барои донишкадаи кўҳӣ металлугӣ мушкилкушои кори ишон аст.
Дар асоси омўхтану донистани ҳама ҷиҳатҳои мусбию манфии таърихи аҷдодӣ, меҳру эҳтироми кас ба Ватан афзоиш хоҳад ёфт.
Биноан муаззаф ба онем, ки Ватану сарнавишти ўро бо захираҳои табиияш чӣ дар замони бостон ва чӣ даврони қуруни вустою наву навтарин жарфу амиқ бидонем. Мо бояд харитаи ҷуғрофӣ ва сиёсию иқтисодии Ватанамонро низ хуб дониста бошем. Бояд бо баҳра аз мутолеаи китобҳои таърихӣ, шиносоӣ бо сарчашма ва мадракоти бостоншиносӣ, саёҳати осорхонаю бойгониҳо, китобхонаҳо, маҳфилҳову конфронсҳо, тамошои филмҳо, суҳбат ба пирону устодон ва омўхтани таърихи аҷдодиро аз гузаштаи антиқа то ба имрўз мавриди зарур дониста бошем. Имрўз ҳамаи он талаботи зикршуда, дар барномаҳои дарсии фанни таърихи Ватан тарҳрезӣ гардидаанд.
«Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию суъективӣ, боз як омўзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд.» [5, c.6 ] гуфтааст президенти кишвар.
Ҳангоми ба забон овардани Меҳан кас мутаваҷҷеҳ ба он мешавад, ки оё меҳани ман дар арсаи кишварҳои ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама мамолики ҳамҷавор бо кадом дастовардҳояш фарқ мекарда бошад. Посух ба андеша ҳамин аст, ки ҷавҳари асосии меҳрангезии ман ба ин кишвар, пеш аз ҳама дар он аст, ки ин Ватани ман аст. Зодгоҳе, ки дар ин ҷо падару бобобузургони ман ба олам омадаанду дар ҳамин ҷо хок шудаанд.

пешина
аз 162
навбатӣ