70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ниҳояти кор ба забти Осиёи Миёна аз тарафи Руссияи подшоҳӣ меояд. Хонигариҳои зиёди муғулнажот, ки аз ўҳдаи баъдии давлатдорӣ баромада наметавонистанд, бо саҳлӣ таслими урдуи замонавии русӣ гардиданд. Онгоҳ сарнавишти аҷдодони заҳматкаши тоҷик ба амру ихтиёри соҳибмансабони русу манғиту афғон гузашта буд. Дар асоси тақсимбандии хати сарҳадӣ, мутобиқи созишномаи русӣ ва англисӣ, мардуми тоҷик боз пароканда гаштанд. Қисме аз онҳо ба тобеъияти давлати Афғон, қисми дигарашон ба идораи Генерал Губернатории Туркистон ва қисми зиёди онҳо дар ихтиёри Аморати лўхтакии Бухоро қарор гирифтанд. Ин вазъро низ дар омўхтани таърихи аҷдодон хуб бояд дар назар дошт, ки порашавии навбатии миллати тоҷик дар ҳамон вақт ҳам давом дошту, билохира соли 1924, баъди ба вуқуъ омадани Инқилоби Сотсиалистӣ ва барпошавии Ҳукумати Шўроҳо дар Осиёи Миёна амри қонунӣ гирифт. Ҳоло ҳам мо шукронаи он мекунем, ки аз даҳ як ҳиссаи хоки тоҷикзамин бошад ҳам, бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре дар харитаи сиёсии умумҷаҳонӣ ҷои хосеро ишғол дорад. Имрўз, ки замони истиқлолияти давлатдорӣ моро насиб кардааст, ягона кореро кардан лозим аст, ки мардуми сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид бошанд, дар зери парчами давлат бо ҳам дўсту бародар бошанд. Бо ҳамин умед фанҳои иҷтимоӣ гуманитариро дар макотиби олии ҷумҳурӣ ҷорӣ кардаанд, ки ҷавонон ҳарчи қавитар муттаҳид бошанд.
Хиради худогоҳию худшиносӣ дар чорчўбаи меҳанпарастӣ ва боварии том ба авҷу рушди ҷомеаи оянда шиори мо бошад. Барои ба чунин мақсад ноил гаштан, омўхтану донистани таърихи Ватан аз замонҳои қадим то давраи мо хеле кўмак мерасонад. Аз ин хотир зарур аст, ки хондану донистани таърихи Ватан пешаи аҳли ҷомеа бошад. Китоби муқаддаси «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва китоби пурмаҳтавои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар сари мизи ҳар хонадони тоҷикистонӣ карор дошта бошад.
АДАБИЁТ:
- Андешаҳои миллии тоҷикон. Хуҷанд: Ношир 2011, С.666.
- Б.Ғ.Ғафуроф. Тоҷикон. Душанбе: Ирфон, 1998, 870 с.
- Большая книга афоризмов. М, 2009, 425 с.
- Н.Неъматов Давлати Сомониён: Душанбе: Ирфон, 1989, с.254.
- Э. Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Душабе, Ирфон. 2009, 228 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё