Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Даҳҳо забардасттарин шуарову уламою удабо, ки маъруфи ҷаҳониёнанд аз зумраи аҷдодони тоҷик ба ҳисоб мераванд. Шикасту пошхўрии империяи бузурги Сомониён дар ниҳояти кор ба тақсиму пора гардидани халқи тоҷик, аҷдодони ҷафокаши мо оварда расонид. Аз як тараф туркони носипоси Ғазнавӣ, аз тарафи дигар саҳрогардони Қарахонию Салҷуқию Хоразмшоҳӣ ва ғайра дар мабнаи ғоратгарию салтанатхоҳияшон аҷдодони қуруни вустои тоҷиконро ба чанд пора андохтанд. Аз он сиёсатбозиҳою ҳарбандозиҳою тақсимбандиҳою ғоратгариҳо, ҳам дар ҳаёти моддӣ ва ҳам дар ҳаёти маънавии мардуми мо хисораҳои ислоҳнашаванда ба миён омаданд. Локин бо сарбаландӣ бояд тазаккур дод, ки дар ҳама давру замони салтанати арабону туркон нерўҳои асосии офарандаи неъматҳои моддию маънавӣ аҷдодони тоҷик соҳибмақом буданд. Агар ҳамин нерўҳои созандагию истеҳсолии пешбаранда тариқи бояду шояд ба истеҳсолот ихтиёр намекарданд, ҳарбиёни таҷовузкори арабию туркӣ ба болои асп савор шудан ҳам наметавонистанд. Ҳамин тавр, офарандагони неъматҳои моддию маънавӣ дар тўли садсолаҳо аҷдодони тоҷик ба ҳисоб мерафтанд. Ин ҳама лаҳзаҳое ҳастанд, ки дарси амиқи таърих ва манбаи шинохтану меҳр бастани ҷавонон нисбат ба таърихи аҷдодони хеш мебошанд.
Мавриди навбатии меҳаншиносӣ дар таърихи аҷдодони мо давраи истило ва забти сарзамини тоҷикон аз тарафи аждаҳои муғул мебошад. Бештар аз якуним асри салатанати муғулоӣ дар ин сарзамин бенатиҷа намондааст. Бояд тазаккур дод, ки муғулони борбори ташнахун ба суҳулат ин хокро тасарруф накарда буданд. Аҷдодони тоҷик, бо вуҷуди бесарвар мондану гурехтани Муҳаммади Хоразмшоҳ аз тоҷикзамин, дар пеши роҳи муғулони таҷовузкор монеъ шуда, муқовиматҳо нишон медоданд. Қаҳрамониҳои Темурмалику Ҷалоладдину Маҳмуди Торобию Сарбадорони Хуросону Самарқанд дар саҳифоти ифтихории таърихи аҷдодони мо бо хати зарҳал сабт гардиданд. Давоми салтанати хунхории муғулонро дар хоки худ мо дар замони Темуру Темуриён мебинем.
Бо гузашти айём ва тағйироту таҳаввулоти иқтисодӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ҳаёт ранги дигарро овард. Темуриён агар қисме аз Мовароуннаҳрро обод сохта бошанд, аксари дигари тоҷикзаминро мавриди тохту тоз қарор доданду ба пастӣ бурданд. Вале дар ҳама сурат аҷдодони тоҷик бунёдгузори сохти давлатдории муғулони пешинаю баъдӣ ба ҳисоб мерафтанд. Ин ҳам дарси хубест барои шинохтану парастидани Ватан. Мавриди зикр аст, ки дар замони идории туркон, он муғулони баъдӣ: Шайбониҳою Аштархониҳою Манғиту Мингҳою Барлосону дигарон вазъи иқтисодию иҷтимоию мадании аҷдодони мо чандон буруз наёфта буд. Аҷдодони мо бо ин ҳама сарсахтиҳо бозҳам мояи иқтисодию фарҳангии он муғулнажодонро бунёд мегузоштанд.

пешина
аз 162
навбатӣ