Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ин самт чашмрастарин дастовард анҷоми асари бунёдии дуҷилдаи «Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик» маҳсуб меёбад. Ҷилди аввали ин китоб бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ имрўз ба дасти хонандагони худ расид. Ҳамзамон мутахассисони муассиса дар таҳия ва чопи китоби муштараки «Тоҷикон» аз силсилаи «Народы и културы», ки аз ҷониби Институти этнология ва антропологияи ба номи Н.Н. Миклухо-Маклайи Академияи илмҳои Руссия ба нашр мерасад, фаъолона ширкат намуданд. Китоб тавассути нашриёти «Наука»-и Маскав аз чоп баромад.
Тайёр намудани кадрҳои ҷавон ва ба роҳи илм ҳидоят намудани насли наврас яке аз самтҳои дигари фаъолияти институт мебошад.
Дар назди муассиса аз ибтидо аспирантура ва докторантура фаъолият менамуд, ки барои тарбияи пайвастаи муаррихони касбӣ нақши муассир гузоштааст. Имрўз дар назди институт магистратура, докторантура аз рўи ихтисос (PhD) ва низоми унвонҷўӣ амал мекунад.
Тавассути Шўрои диссертатсионии КОА-и назди Президенти ҷумҳурӣ, ки дар назди муассиса мавҷуд аст, даҳҳо нафар кадрҳои илмии ҷавон рисолаҳои худро дифоъ намуданд. Танҳо дар соли 2020 тавассути ин шўро 18 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 2 рисолаи докторӣ, 15 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи доктори фалсафа аз рўи ихтисос (PhD) бомуваффақият ҳимоя шуданд.
Олимони институт дар тарғибу ташвиқи сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, муаррифии таъриху фарҳанг, ёдгориҳои нодири бостоншиносӣ ва дастовардҳои кишвари азиз дар муассисаю ташкилотҳо, тавассути расонаҳои ахбор, шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ фаъолона ширкат менамоянд. Махсусан, мақолаву вокунишҳо ва суханрониҳои олимони муассиса тавассути расонаҳои гуногун ба онҳое, ки рашк аз рушду пешрафти кишвари соҳибистиқлол доранд, ҷавоби сазоворе мебошад. Ҳамзамон дар таҳия ва омодасозии лоиҳаи гуногуни ободонии шаҳри Душанбе, боғҳо ва мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ низ олимони муассиса ширкат намуда, дар ободу зебошавии пойтахти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Албатта, дар доираи як мақола тамоми самтҳо ва паҳлуҳои фаъолияти зиёда 70-солаи институтро ба тарзи муфассал ҷой додан ғайриимкон аст, вале новобаста аз ин мо кўшиш бар он намудем, ки то андозае муҳимтарин дастовардҳои олимони муассиса ва саҳми онҳоро дар ташаккул ва рушди илми таърихшиносии тоҷик нишон диҳем.

пешина
аз 162
навбатӣ