70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ҳайдаршо ПИРУМШОЕВ,
профессори ИТБМ ба номи
А. Дониши АМИТ
НАҚШИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ
ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ А. ДОНИШИ
АМИТ ДАР ТАҲҚИҚИ ТАЪРИХИ АСРҲОИ МИЁНА
ВА НАВИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Маълум аст, ки ҳанўз хеле пеш аз таъсисёбии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ таваҷҷуҳи олимон ба таъриху фарҳанги қадиму асримиёнагии халқи тоҷик аён ба назар мерасид ва дар ин самт тадқиқоти ҷолибе ба дасти чоп расида буд. Аз ҷумла, доир ба таърихи тоҷикон тадқиқотчиёни тоинқилобии русу аврупоӣ мероси ниҳоят гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштаанд, ки то имрўз қимати илмии худро нигоҳ медоранд.
Вале дар таърихнигории ватанӣ тадқиқоти бевоситаи илмӣ баъди эҳёи давлатдории тоҷикон, ки ба туфайли инқилоб сурат гирифта буд, оғоз ёфт. Пўшида нест, ки баъди Инқилоби Октябр, то тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ (1924), тоҷикон ҳанўз дар вазъи парокандагӣ қарор доштанд. Як қисми онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии мухтори Шўравии Сотсиалистии Туркистон ва қисми дигар дар ҳайати аморати Бухоро ва сипас (баъди пирўзии инқилоби халқӣ, соли 1920) Ҷумҳурии Халқии Бухоро шомил буданд, ки ин кўшиши худшиносии таърихии онҳоро маҳдуд мекард. Аз ин рў ташаббуси омўзиши таъриху фарҳанги халқи тоҷикро бештар шарқшиносони рус ба зимма доштанд.
Бо ташаббуси ховаршиносон зери роҳнамоии академик Н. Я.
Марр тирамоҳи соли 1918 дар заминаи асоси Институти Лазареви забонҳои Шарқи Москва, Институти Шарқи Наздик ва баъди чанде Институти москвагии забонҳои зиндаи Шарқ (Институти москвагии шарқшиносӣ ё ховаршиносӣ) ташкил ёфт, ки дар омўзиши таъриху фарҳанги Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, ҷиддан фаъолият мекард.
Бо кўшиши шарқшиносони Москва ва Петроград дар шаҳри Тошканд марказҳои шарқшиносӣ таъсис ёфтанд. Нахуст чунин марказ моҳи ноябри соли 1918 бо унвони Институти Шарқ ташкил ёфта, ба фаъолият шурўъ намуд. Ба сифати роҳбари ин муассисаи илмию таълимӣ муарриху мардумшиноси бузург М.С.Андреев таъин гардид. Дар пешбурди фаъолияти илмию таълимии он ба замми роҳбар хизмати ховаршиносони дар ҷаҳони илм эътирофгашта, В. В. Бартолд, С. Ф. Олденбург, Е. Э. Бертелс, А. А. Семёнов, И. Д. Ягелло, Н. И. Умняков ниҳоят равшану ҳалкунанда ба назар мерасад. Дар ин ҷода бояд аз нахустин қадами ҷиддии омўзиши илмии таърихи халқҳои минтақа билхосса тоҷикон аз таъсисёбии Дониш-гоҳи давлатии Туркистон дар ш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё