70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Тошканд дар санаи 7 сентябри соли 1920 ёдовар шуд.
Бояд қайд кард, ки дар саргаҳи воқеан илмии таърихи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ қарор дошт. Маҳз бо ташаббуси ў ва роҳбарияти ҷумҳурии мухтори Туркистон соли 1919 дар Самарқанд маҷаллаи илмӣ-омавии «Шўълаи инқилоб» ба табъ расид, ки нахустин нашрияи тоҷикӣ ҳисоб меёфт. Дар ин маҷалла мақолоти зиёди устод Айнӣ аз қабили «Масъалаи Шарқ» (1919), «Инқилоби Бухоро»
(1920) ва ғайра ба табъ расиданд. Фақат солҳои 1920-1921 дар ин маҷалла 27 очеркҳои устод бо унвони «Таърихи хонадони манғития»
рўи чоп диданд, ки ин нахустин таҳқиқоти ҷиддии таърихӣ аз тарафи муаррихони маҳаллӣ маҳсуб меёбад. Баъди чанде соли 1923 ин мақолаҳо дар шакли китоби мукаммал – «Таърихи амирони манғития» пешкаши хонандагон гардид. Ин асари воқеан ҷанбаи ҷиддии тадқиқотӣ дошта, худ нишондиҳандае буд, ки аз гузариши донишҳои таърихӣ ба илм дарак медод. Ин падидаро чун нишондиҳандаи ба фазои илмӣ гузаштани омўзиши таърихи миллат бояд ҳисоб кард.
Албатта, дар ин радиф бояд аз асарҳои дигари устод Айнӣ «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» (1926), «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) ёдовар шуд, ки аз бунёди тозаи воқеан илмӣ дар таърихнигории тоҷик дарак медоданд. Вале қаблан аз таълифу нашри ин асарҳо боз асарҳои таърихие таълиф шуда буданд, ки шояд барои ба қолаби илмӣ даромадани андешаи устод Айнӣ таъсири амиқе гузошта буданд.
Соли 1921 дар назди Комиссариати вилоятии маорифи Самарқанд Комиссия доир ба ҳифзи ёдгориҳои қадима таъсис дода шуд. 23 майи ҳамон сол дар назди Комиссариати халқии маорифи Ҷумҳурии мухтори Туркистон Комитет доир ба фаъолияти осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои қадимӣ, маданӣ ва табиӣ (Туркомстарис) таъсис дода шуд, ки дар он ташаббуси ҳалкунандаи В. В. Бартолд бараъло эҳсос мешуд.
Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ (1924) Туркомстарис соли 1925 ба Комитет доир ба фаъолияти осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои қадимӣ, маданӣ ва табии дар назди Комиссариати халқии маорифи Осиёи Миёна фаолияти худро бо унвони Средазкомстарис идома дод. Ин муассисаи тадқиқотӣ то соли 1928 фаъолияти худро идома бахшида, дар омўзиши таърихи минтақа, алалхусус таърихи тоҷикон, хизмати босазое кардааст.
Соли 1924 дар назди Комиссариати маорифи халқи ҶШС Ўзбекистон Комиссияи илмии Тоҷикистон бо мақсади ҷамъоварӣ намудани маводи маъхазӣ аз таърих, мардумшиносӣ, адабиёти халқи тоҷик ва ба низоми муайян даровардани он таъсис дода шуд, ки аъзоёни он дар ин самт корҳои ҷолиберо ба ҷо оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё