Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар назди шуъба инчунин бойгонии ҳуҷҷатҳои ниҳоят камназири Институти таърих (бо истиснои ҳуҷҷатҳои характери мардумшиносӣ дошта), ки дар тамоми давраҳои фаъолияти он ҷамъоварӣ шудаанд ва теъдодашон ба 8 ҳазор мерасад, нигоҳ дошта мешаванд. Маводи маъхазии дар ин бойгонӣ маҳфуз буда, ба сифати манбаи боэътимод барои омўзиши давраҳои асримиёнагӣ ва нави минтақа хизмат карда метавонад. Ин хазинаи бебаҳо низ ба нигаҳдошту ворид намудан ба системаи электронӣ ва ба ин васила дастраси доираи васеи мутахассисони кунунию наслҳои оянда гардондан, ниёз дорад. Анҷоми ин зарурат низ дар мадди назари ходимони илмии шуъба қарор гирифтааст.
Ҳамин тариқ, фақат дар даҳсолаи охир (2011-2020) маҳсулоти чопии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба ҷуз аз ҷилди сеюми тадқиқоти бунёдии «Таърихи халқи тоҷик», ки соли 2013 ба нашр расидаву ба ин нишондиҳанда ворид нашудааст, дар ҳаҷми 16 рисолаи илмӣ ва беш аз 200 мақолаҳои бевосита ба таърихи қадиму асрҳои миёнаи халқи тоҷик иртибот дошта, рўи чоп овардааст. Агар ба ин маҳсулоти чопии бевосита ба давраҳои асримиёнагю нави таърихи халқи тоҷик иртибот доштаи шуъбаҳои бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва таърихи санъатро зам намоем, табиист, ки ин нишондиҳанда ба таври назаррас хоҳад афзуд.
Ишораҳои боло дар маҷмўъ далел бар онанд, ки Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ дар таҳкиқи илмии таърихи асрҳои миёна ва нави халқи тоҷик нақши ҳалкунанда дошта, ин рисолати илмии худро бо ифтихор пеш мебарад. Маҳз бо назардошти чунин иқтидори боварибахши илмӣ институт масъулияти тайёр карда ба чоп расондани тадқиқот воқеан бунёдӣ – «Таърихи халқи тоҷик» дар дувоздаҳ ҷилдро ба нақша гирифтааст. Бояд қайд кард, ки аз ин тадқиқоти заҳим чор ҷилди он таърихи асрҳои миёна ва навро дар бар хоҳад гирифт. Ходимони илмии институт, хосатан шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав, ин иқдоми ниҳоят рўзмарраи илмиро, ки аз тарафи роҳбарияти олии ҷумҳурӣ, шахсан бо тавсияи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудаву ба нақшаи илмии АМИТ ворид гардидааст, барои иҷрои саривақтии он саъю талош хоҳанд намуд.

пешина
аз 162
навбатӣ