Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аскаралӣ РАҶАБОВ,
Институти таърих бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ

БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИИ
ФАРҲАНГИИ ШУЪБАИ ТАЪРИХИ САНЪАТИ
ИНСТИТУТИ ТАЪРИХУ БОСТОНШИНОСӢ ВА
МАРДУМШИНОСӢ ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛ

Баррасию омўзиши мероси фарҳангии тоҷикон, аз ҷумла, таҳқиқи масоили таърихию назарии он дар заминаи сарчашмаҳои хаттӣ дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз маҷмўи илми дар охири садаи ХХ ва оғози садаи ХХІ на фақат рўи кор омада, инчунин пурвусъат будааст. Махсусан пажўҳиши масоили таърихию назарии мероси фарҳангӣ, бунёду пешрафти он дар марказ, ҳавзаҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои бадеӣ намоишӣ (мусиқӣ, театр, рақс, ҳунарҳои тасвирӣ (наққошӣ, минётур, тазйину ороиши китоб, пайкарасозӣ, меъморӣ, ҳунарҳои дастӣ – амалию ҳунармандӣ (сару либос, зеварот, кошикорӣ, ҳаккокӣ, ганчкорӣ, коркарду тазйини чўбу фулузот, санг ва мактабу равияҳои ҳунарӣ (мактабҳои нақ-қошии марказшаҳрҳои Бухоро Самарқанд, Хуҷанд, Ҳирот ва ғ.) бо такя ба сарчашмаҳои хаттӣ дар муқоиса ба навиштаҳои то имрўз рўи кор омада (ватанию хориҷӣ) таҳқику баррасии бунёдӣ шудаанд. Зимни ин доир ба масоили мубрами таъриху фарҳанги тоҷик (дар маҷмўъ мардумони эронӣ дар масири таърих ), хоса таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, раҳовардҳои пуртобу муассири фарҳангӣ, чеҳраҳои фарҳангсоз (илму фарҳанг) таҳияю баргузор намудани ҳамоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, таҳияю нашри академии маводи ин ҳамоишҳо (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дар солҳои истиқлоли кишвар муназзам сурат гирифтанд, ки дар ин самт саҳми шуъбаи таърихи санъат муассир аст.
Тарҳрезию таҳияи барномаҳои ҳамоишҳои байналмилалӣ доир ба масоили таърихию назарии фарҳанги тоҷикон асосан аз оғози истиқололи Тоҷикистон, новобаста аз вазъи номуназзами сиёсию иқтисодии кишвар, сурат гирифтанд. Таҳияи барномаҳои илмӣ, баргузор намудани ҳамоишҳои байналмилалии илмии дар иртибот ба масоили камомўхта шудаи, таъриху фарҳанги тоҷик бештар масоили умдаи таъриху фарҳанг бо диди нав ва бо истифода аз имконоти соҳибихтиёрию озодӣ, якпорчагии кишвар баррасии ин мавзўот доманаи васеъ касб намуда таваҷҷуҳи пажуҳишгарон дар навиштаҳои ин солҳо бо такя ба сарчашмаҳои хаттӣ нисбат ба таҳқиқоти то истиқлол кўшиши равшанбаёнию воқеъбинии таърихӣ то ҷое назаррасанд.

пешина
аз 162
навбатӣ