70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
[1].
Аввалин Ҳамоиши байналминалии тоҷикон ва форсигўёни ҷаҳон «Пайванд» таҳти сарварии поягузору раиси иҷроияи он академик М.
Осимӣ дар шаҳри Душанбе, 9-16 сентябри соли 1992 дар ҳамсонию баргузории Симпозиуми байналмилалии илмии «Саҳми мардумони эронӣ дар рушди тамаддуни башарӣ: аз дирўз то имрўз» ба вуқўъ омад.
Таҳти сарварии академик М. Осимӣ ҳайати илмии ин Симпозиум хуб тарҳрезӣ шуда, дар он масоили мубрами таърихию назарии арзишҳои таърихию фарҳангии мардумони эронӣ (тоҷикону форсигўён) ва ҷойгоҳи он дар таърихи тамаддуни башарӣ баррасӣ шуданд ва маводи ин форуми ҷаҳонии илмию фарҳангӣ ба се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таҳияю ба нашр расиданд [2].
Дар ин шакли илмию фарҳангӣ баргузор намудани Ҳамоиши байналмилалии илмӣ бештар ба масоили таърихию назарии омўхтанашуда ва кам таҳқиқшуда, ҷойгоҳи таъриху фарҳанг, саҳми симоҳои камназири илмию адабӣ, эътибору мақоми шахсияту осори онҳо дар таърихи тамаддуни башарӣ, истифодаи васеи имконоти истиқлоли давлатӣ ва амсоли ин бештар арҷ гузошта шуд.
Яке аз мавзўоти басо муҳимму таърихии дар ҳамсон ба ҳамоиши Анҷумани ҷаҳонии тоҷикону форсигўён «Пайванд» арҷгузорӣ ба шахсияту осори безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва шоҳкории бадеӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ «Шоҳнома»-и ў буд.
Дар Симпозиуми байналмилалии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ падидаи бузурги фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» (Душанбе, 9-13 сентябри 1994) баргузор шуда, масоили умдаи таърихию назарии замони Ҳаким Фирдавсӣ, диди нави таҳқиқӣ ба арзишҳои бадеию илмӣ, «Шоҳнома» чун ҳамосаи хаттии камназир дар таърихи тамаддуни инсонӣ дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ гардида, маводи Симпозиум ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ таҳияю нашр шуданд. Зимни ин як таҳқиқоти ҷомеи академии мансуб ба қалами олимони ватанию хориҷӣ бо номи «Firdowsi’s Shahname: 1000 Years after», Dushanbe, 1994 («Шоҳнома: баъд аз 1000-сол», ба забони англисӣ, таҳияи А. Раҷабов, тарҷумаю таҳрири, Эраҷ Баширӣ профессори донишгоҳи Минессотаи Амрико) ба нашр расид[3] .
Таҷлили 675-умин солгарди суханвари бузург Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва баргузории Симпозиуми байналмилалии илмии «Замони Камоли Хуҷандӣ ва аҳаммияти он дар таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ» дар рузҳои баргузории Анҷумани савуми тоҷикон ва форсигўёни ҷаҳон дар сатҳи баланди илмию фарҳангӣ ба вуқўъ пайваст. Таъкид ба ёдоварист, ки ин аввалин ҳамоиши сатҳан баланди илмии байналмилалӣ доир ба замони ин симои бузурги адабиёти классикии тоҷик буд. Агарчанде доир ба замону мероси Хоҷа Камол навиштаҳои зиёд рўи кор омада, вале бисёр муаммоҳои таърихию фарҳангии ин сада дар иртибот ба ин симои баном, норавшан монда буданд.Ҳайати илмии ҷашни Хоҷа Камол баробари таҳия ва нашри асари ҷомеи академии «Замони Камоли Хуҷандӣ ва аҳмияти он дар таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ» ба забони англисӣ (Kamal Khujandi:Epoch and its importance in the history of Central Asian civilization, compiled by: A.Shabistatari,Askarali Rajabzadeh,Edited and translated by: Iraj Bashiri, Dushanbe, 1996) инчунин таҳияи чеҳраи шоир (рассом Бек Наим ) рўи саҳна оварда шуд[4].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё