70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ин диди истиқлолхоҳии таҳқиқӣ ва рўи кор овардану дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ба миён гузоштану ба маърази ҷомиа (ҷомиаи илмӣ) гузоштану натоиҷи онро ба нашр расонидану манзури фазои илмии берун аз кишвар намудан ҳам ба истилоҳ иқдоми нав мебошад.
Фаъолияти барномарезии ҳамоишҳои байналмилалии илмии ҳайати пажўҳиши шуъбаи таърихи санъати Институти таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш аз соли 1986 оғоз шуда ва ин барномарезии илмию ҳунарӣ аввалин бор таҷлил намудани 1400-умин зодрўзи устоди номвари шеъру мусиқӣ, асосгузори маҷмўи мусиқии классикии тоҷику форс ва Шарқ Борбади Марвазӣ (590-628) мебошад. Пўшида нест, ки Борбад ва замони ў аз марҳалаҳои муҳим маҳсуб шуда, бисёр масоили таърихию назарии фарҳанг, яъне оғози шаклгирию пешрафти илм,шеъру мусиқии классикии мо ба ин давра дар иртибот аст. Аз ин рў, тибқи супоришу Қарори бюрои КМ ҲК Тоҷикистон кумитаи тадорукот таҳти сарварии Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, академик Муҳаммад Осимӣ таъсис дода шуд.
1400-умин зодрўзи Борбад – Симпозиум ва фестивали байналмилалии мусиқӣ( Тоҷикистон, Душанбе, 22-29 апрели соли 1990) таҳти сарварии Раиси кумитаи тадорукот Муҳаммад Осимӣ ба вуқўъ пайваст, яке аз бузургтарин ҳамоиши илмӣ-ҳунарӣ дар Иттиҳоди Шўравӣ буд. Дар он намояндагони илму ҳунари зиёда аз 37 кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ, Аврупо, Амрико ширкат намуданд. Ин ҳамоиш дар вазъияти фавқулодда, ки моҳи феврали соли 1990 воқеаи нохуш дар кишвар сурат гирифта буд ва новобаста аз ҳолат ва вазъияти муташаниҷи сиёсии ҷумҳурӣ дар пояи баланди ташкилию илмӣ ва ҳунарӣ баргузор шуд. Дар ин ҳамоиши ҷаҳони илмию ҳунарӣ 1700 нафар олимону ҳунармандони мамолики Шарқу Ғарб бо иштироки Котиби генералии Созмони ҷаҳонии мусиқии ЮНЕСКО профессори Донишгоҳи Колумбия Диттер Кристенсен ширкат намудаанд. Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии академик М.Осимӣ аз тамоми имконоту иртиботот бо ниҳодҳои илмию фарҳангӣ, эҷодии Иттиҳоди Шўравӣ: Академияи илмҳои ИҶШС, Иттифоқи композиторони ИҶШС, Фонди мусиқии ИҶШС. Бунёди фарҳанги ИҶШС ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ҳамкориро дар сатҳи хеле баланди ташкилӣ ба роҳ монд ва мавриди истифода намуд. Бо таъбири яке аз чеҳраҳои машҳур, ширкатдори ҷашнвора – дабири кулли Шўрои ҷаҳонии мусиқии суннатии ЮНЕСКО профессор Диттер Кристенсен «ин ҷашнвораи бонуфузи мусиқӣ дарвозаи ҷаҳони фарҳангиро ба рўи Тоҷикистон боз намуд ва агар ин кишвар такя ба арзишҳои таърихию фарҳангии хеш пайгирона амал намояд, Душанбе ба саҷдагоҳи мусиқӣ табдил хоҳад ёфт». Аз ин рў, ҷашни Борбад назари бисёр фарҳангиёни Шарқу Ғарбро дар иртибот ба тоҷикон ва Тоҷикистон тағйир дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё