70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Дар умум д.и.т. А. Комилӣ дар таҳқиқи таърих ва техникаи халқи тоҷик таҳқиқоти назаррасро анҷом додааст. Бояд қайд намуд, ки фаъолияти илмӣ ва тарбиявии д.и.т. А. Комилӣ дар таҳқиқи таърихи илм ва техникаи халқи тоҷик ва оммавӣ гардонидани он хеле назаррас буда, дар умум ў дар ин бахш зиёда аз 400 асару мақолаҳои илмиро ба нашр расонидасст.
Самти дигари омўзиши таърихи илму техникаи халқи тоҷик омўзиши тибби анъанавӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки талабот дар ин самт ҳоло ҳам аҳамияти илмӣ, амалӣ ва тарбиявӣ дорад.
Тадқиқоти шуъба дар ин самт ба тариқи зер дар рушд аст:
– омўзиши таърихи умумии тибби анъанавӣ аз асри XII то имрўз;
– саҳми тибби анъанавии тоҷик дар рушди соҳаҳои алоҳидаи тибби назариявӣ ва амалӣ;
– систематикунонии тибби зардуштӣ ва тибби Ибни Сино дар доираи талаботи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ;
– омода ва нашри асарҳои тиббии давраи қадим ва асрҳои миёна ба забони муосири тоҷик.
– пешбурд ва татбиқи усулу воситаҳои тибби анъанавии тоҷик дар амалияи тибби муосири ҷаҳонӣ.
Дар доираи вазифаҳои ба миён гузошташуда, то имрўз, муҳаққиқони таърихи илми тоҷик бори аввал систематикунонии тибби зардуштӣ ва асримиёнагии Шарқро анҷом додаанд. Аз нуқтаи назари илми муосир, қариб ҳамаи рисолаҳои тиббии боқимонда аз асри VIII пеш аз милод таҳлил карда шудаанд, ки то асри 15 аз ҷониби намояндагони тибби анъанавии тоҷик ва аҷдоди онҳо эҷод шудааст.
Натиҷаи фаъолияти доктори илми тиб Ю. Нуралиев хеле назаррас мебошад. Аз ҷумла, якчанд монографияи муҳимми ў нашр карда шуд: «Системаи тиббии Авитсенна». (М, Илм, 2005); «Тибби давраи Сомониён» (Душанбе, 1999); «Саҳми Ибни Сино дар табобати уролития», (Душанбе, 1999); Китоби охирин дар давоми солҳои 2000- 2010 17 маротиба, аз ҷумла, дар Руссия се маротиба ба забони русӣ дар Булғористон, се маротиба бо забони булғорӣ дар Булғористон ва панҷ маротиба дар Эрон ба забони форсӣ чоп карда шуд.
Системаи тиббии Ибни Сино дар Эрон, Чин, Руссия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ бомуваффақият муаррифӣ шудааст. Дар Интернет зиёда аз 5 ҳазор истинод ба асарҳои номбурда Ю. Н. Нуралиев мавҷуд аст.
Дар самти таҳқиқи илми химия низ кормандони Шуъба корҳои муайянро анҷом додаанд. Аз ҷумла, корманди шуъба Б. Қурбонов бештар ба таҳқиқи ташаккул ва рушди илми химия дар Шарқи асримиёнгӣ машғул шуда, соли 1994 рисолаи номзадиро дар мавзўи «Пайдоиш ва инкишофи илми химия дар асрҳои VIII-IX дар мамлакатҳои Шарқи наздик ва Осиёи Миёна» ва соли 2014 рисолаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё