Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шиносии хеш, қисмати зиёди нигораҳоеро ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳар яке аз онҳо аз ҳунарҳои волои гузаштагон сухан мекунанд. Айни ҳол қисмати зиёди колексияи асосии хазинаи Осорхонаи Мардумшиносиро нигораҳои ҷамъовардаи ин олимони намоён ташкил медиҳад.
Ҳамасола коллексияи фонди осорхона асосан аз нигораҳое, ки тариқи комиссияи хариди фонди осорхона пешниҳод мегарданд ва нигораҳое, ки ҳангоми тадқиқоти этнографии олимон дар деҳаҳои дурдасти диёрамон гузаронида мешавад, бой мегардад.
Имрўзҳо коллексияи осорхонаро зиёда аз 11000 нигора ташкил медиҳад. Коллексияи осорхонаро нигораҳое, ки аз урфу одат ва анъанаи ниёгон, санъати гулдузӣ, зардўзӣ, коркарди чуб, мис ва дигар намуди ҳунарҳои анъанавии аҷдодон сухан мекунан, ташкил медиҳанд. Нигораҳои осорхона аслӣ буда талқинкунанда ва эҳёкунандаи санъати анъанавии миллати тоҷик ба шумор мераванд. Дар асоси ҳар як нигораи таърихӣ метавон фарҳанги аслии тоҷиконро диду тасаввур кард.
Таваҷҷуҳи махсусро метавон ба коллексияи либосҳои миллии осорхона кард. Либосҳои миллӣ, аз фарҳанги либоспушии занонаю мардонаи асрҳои XIX ва XX шаҳодат медиҳад. Онҳо дар намоиш аз рўи минтақа ва даврабандӣ гузошта шудаанд, ки дар асоси ороиш ва нақшашон метавон бо фарҳанг ва расму оини мардуми минтақа шинос шуд. Дар коллексияи намоишии осорхона намунаи либосҳои мардона ва занонаи гуногун – либосҳои ҷашнӣ, сарандоз, камарбанд, ҷома, курта ва дигарҳоро метавон дид, ки ҳар яке аз онҳо дар худ хусусияти хосеро дорост. Дар асоси онҳо метавон фарқияти либосҳои минтақаро муайян кард. Дар намоиш тамоми нозукиҳои ба баркардани либосҳои миллӣ, тарзи истифодаи ороишот ва маросимҳои ба онҳо вобастаро метавон мушоҳида кард.
Намунаи либоси шикорчӣ низ дар намоиш мавқеи махсусро ишғол мекунад. Ин намоишро ҷиҳози пурраи шикорчиён, аз қабили яроқ – карамултук, дастпўшак аз пусти заргўш, тирдони чармин, ҷуздон барои борут ҷуздон барои пиёла, пардае, ки аз парҳои хурди парандаҳо ва матои карбос омода гардидааст, пурра менамояд.
Пораҳои матои сўзанишудаи асри II-III мелодӣ, ки аз қабристони «Иттифоқ»-и ноҳияи Фархор соли 1973 дар натиҷаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ, зери роҳбарии Х. Муҳиддинов баргузор гардида буданд, дастрас гардидаанд, нигораи қадимтарин ва қимматтарини осорхона ба шумор меравад. Дар қабри занона дар боқимондаҳои либос гулдузӣ маҳфуз мондааст. Дар натиҷаи таҳқиқ ва тармим, таъмиргари рус А. К. Ёлкина муайян кард, ки дар рўи матоъ расми 6 адад гули «Дарахти ҳаёт» бо риштаҳои зарҳалӣ сўзанӣ шудааст. Ин нақши «Дарахати ҳаёт» дар шакли классикӣ мебошад, ки бо ресмонҳои латунӣ дар қисми асосӣ ва абрешимӣ арғувонӣ дар навдаҳои борик дўхта шудааст. Навдаҳои борик бо гулҳои буттабодом анҷом меёбанд. Дар болои дарахт аз ду тараф бо ресмони металӣ паранда гулдўзӣ гардидааст.

пешина
аз 162
навбатӣ