70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Бо орденҳои
Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои фахрии Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС
Ӯзбекистон мукофотонида шудаанд.
АДАБИЁТ:
- Энсиклопедияи совети тоҷик. Ҷилди 6. Душанбе, 1986. – С. 238.
- Раджабов З.Ш. Дорогой знаний (Из воспоминаний). Душанбе,
- – С. 10.
- Раджабов З. Ш. Страница прошлого (Из воспоминаний). – Душанбе. 1986. – С. 12.
- Муродӣ Фарзона. Хонаи Эргашбойбача ба таъмир ниёз дорад!
//«Тоҷикистон». 2021. 19 май. – С. 6. - Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. Душанбе, 1987. – С. 20.
Ҳайдаршо ПИРУМШОЕВ,
профессор,
Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
БАҲОДУР ИСКАНДАРОВ –
МУҲАҚҚИҚИ ВАРЗИДАИ ИЛМИ ТАЪРИХ
Роҳ ба қуллаҳои дониш барои зодаи деҳаи баландкўҳи Сочарви Помир Баҳодур, ки 12 апрели соли соли 1912 дар оилаи кишоварзи камбизоат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, ниҳоят сангин буд. Хеле барвақт, ҳанўз дар айёми тифлӣ бо амри тақдир аз муҳаббати падару модар бенасибу ятим монда, Баҳодур зери сарпарастии аммааш (хоҳари падараш), ки дар деҳаи ҳамсоя зиндагии қашоқона ба сар мебурд, бо мушкилоти зиёде айёми кўдакиашро гузарондааст.
Дар айми наврасӣ ў шоҳиди барқароршавии Ҳокимияти Шўравӣ ва он дигаргунсозиҳое, ки дар ҳаёти сокинони Помир ба вуқўъ пайваста буданд, гашта буд. Вале аз ҳама ҳодисаи барои ин писарбаччаи муштоқи дониш гуворо, ин кушода шудани мактаб дар деҳаи Поршнёв буд. Ӯ бо чанде аз фарзандони ҳамдеҳагонаш, ки имкони таҳсил карданро дар ин мактаби ибтидоӣ доштанд, солҳои 1923-1926 маълумоти ибтидоӣ гирифта, сипас таҳсилро дар мактаб-интернати Хоруғ идома дод.
Соли 1928 Баҳодури 16 сола, ки дар байни ҳамсабақон пешқадам буда, шавқи донишандўзиаш ба муаллимонаш амиқтар аён гардида буд, бо тавсияи роҳбарияти маорифи вилоят ва марказ, барои идомаи таҳсил ба Тошканд, ба Донишкадаи маорифи тоҷик (Тоҷикинпрос), ки маъмулан дорулмуаллиминаш ном мебуданд, фиристода шуд. Вале, аз сабаби ниҳоят кам будани ихтисосмандони соҳаи маориф, роҳбарияти Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистони навтаъсис, дониҷўёни ин массисаи таълимӣ, аз ҷумла, Баҳодурро соли 1930 пеш аз мўҳлати хатм ба Сталинобод бозпас хонд. Ҳамин тариқ, фаъолияти касбии Баҳодури акнун ихтисосманд, ба сифати дастурдиҳандаи шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон оғоз ёфт.
Баъди чанде (соли 1931), бо тақозои тақдир, аниқтараш бо роҳхати роҳбарияти ҷумҳурӣ, Баҳодур Искандаров ба шуъбаи таърихи факултети филологияи Донишкадаи фалсафа, адабиёт ва таърихи Ленинград (феълан Санкт-Петербург) дохил шуд. Ӯ акнун пурра имкон пайдо кард, ки бевосита аз мактаби олимони саршиноси замон Е. В. Тарле, Б. Д. Греков, В. В. Струве, С. И. Ковалев, Н. Н. Розентал ва дигарон гузарад. Маҳз ҳамин олимон дар интихоби касбии муаррихи оянда саҳми ҳалкунанда гузоштаанд.
Акнун мутахасиси дараҷаи олӣ, Баҳодур Искандаров ба Тоҷикистон баргашта, ба ҳайси муаллими кафедраи таърихи ИҶШС Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т. Г.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё