Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

«Тезпазак». Дар собиқ Пажўҳишгоҳи «Зироатчигӣ» (ҳозира ИИИ Зироатпарвар» рўёнида шудааст. Ба сифати зироати фосилавӣ минтақавӣ кунонида шудааст. Навъи дуфасла буда, ба гуногуннамудии ауреа таалуқ дорад. Донаш зард аст. Хўшаҳояш сўк надоранд. Вазн 1000 донааш 34-37 г. аст. Аз рўи калонии дон ва ҳосилнокиаш аз навъи Марктон бартарӣ дорад. Навъи миёнапаз буда, донааш аз навъи стандартии Марктон 7-21 рўз, баргу пояи сабзаш 8-16 рўз пеш пухта мерасад. Ба хобидан устувор (5 хол) аст. Ба дараҷаи навъи стандартӣ гирифтори касалӣ мешавад.
«Вахш-110». Ин навъ дар Пажўҳишгоҳи «Зироатчигӣ» рўёнида шудааст. Барои киштҳои фосилавӣ дар силсилаи киштгардонҳои пахтаю юнучқаи води Вахш минтқавӣ кунонида шудааст. Баландии пояаш 125- 130 см. мебошад. Қобилияти баланди панҷа-занӣ дорад. Дар ҳар як растанӣ аз 19 то 24 поя пайдо мешавад. Вазни 1000 донааш 25-27 г. аст.
«Вахш-110» ба сармоҳои баҳорӣ, трамоҳӣ ва заҳзанӣ устувор буда, гуногуннамуди мутика мебошад.
ПЕШКИШТҲО. Сулӣ нисбат ба зироатҳои пешкишт серталаб аст.
Дар заминҳое, ки алафи бегонаи бомас доранд, коштани сулӣ мумкин нест.
Барои сулӣ ғаллагиҳо, лўбиёгиҳо, зироатҳои байни қаторашон коркардшаванда (ҷуворимакка, ҷўворӣ, картошка), зироаҳои ғаллагии хўшадори тирамоҳӣ пешкиштҳои беҳтаринанд. Сулӣ дар киштҳои омехтаи лўбиёгиҳои донӣ, дар заминҳои лалмӣ ҳамчун зироати бандкунандаи заминҳои дамдодашуда парвариш карда мешавад. Ғайр аз ин сулӣ барои тамоми сол пурра истифода бурдани заминҳои обёришаванда яке аз зироатҳои беҳтарини фосилавии дар зимистон нашъу-намокунанда мебошад.
КОРКАРДИ ХОК. Барои парвариши сулӣ силсилаи коркарди қувваю намисарфакунанда ва муҳофизи хок истифода бурда мешавад.
Барои кишти баҳории сулӣ дар ҷуқурии 25-27 см. шудгори тирамоҳӣ мегузаронанд.

пешина
аз 314
навбатӣ