Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҳангоми тарҳрезикунии ҳосилнокии сулӣ зиёда аз 40 с/га азхудкунии микроэлементҳо бештар меафзояд. Аз ин рў зарур аст, ки пеш аз кишт тухмиҳо бо микроэле-ментҳо аз ҳисоби 100 кг бор, 300 г мис, 180 г марганетс, 120 г руҳ дар 1 т. дон коркард карда шаванд.
КИШТ. Барои кишт тухмиҳои хушсифат, аз ғашу тух-миҳои алафҳои бегона, махсусан бомас тозашударо истифода мебаранд. Пеш аз кишт барои нест кардани барангезендагони маҷмўи касалиҳо тухмиҳо безарар карда мешаванд. Барои тухмӣ донҳоеро, ки аз гулҳою хўшачаҳои дар қисми болоии ҷорўбакҳо ҷойгирифта пайдо шудаанд, истифода мебаранд. Чунки сифати тухмии ин донҳо баланд аст. Кишти чунин тухмиҳо ҳосилнокиро як дараҷа баланд мекунад. Тухмиҳо бояд аз касалиҳои сиёҳаки гардӣ, пўсиши реша безарар гардонида шаванд. Бо ин мақсад Витавакс, 75 фоиза х.т. аз ҳисоби 3-5 кг/т тухмӣ истифода бурда мешавад.
Аз рўи мўҳлати кишт сулӣ ба зироатҳои авалиба-ҳорӣ мансуб аст. Новобаста ба ин дар водиҳо, дар заминҳои наздикўҳӣ ва миёнакўҳию лалмии вилояти Хатлон, Суғду води Ҳисор ҳам киштҳои тирамоҳии сулӣ (октябр-ноябр) метавонанд ҳосили баланд диҳанд. Сулӣ дар зимистон низ кошта мешавад. Киштҳои тирамоҳии сулӣ омилҳои табиӣ ва боришоти охири тирамоҳу зимистон ва аввали баҳориро самаранок истифода мебаранд. Ба киштҳои баҳорӣ вақте шурўъ мекунанд, ки ҳарорати зери хок ба 5-60 С баробар бошад.
Меъёри тухми кишт бо назардошти хусусиятҳои навъ, калонии тухм, мўҳлат ва усулҳои кишт муайян шуда, кишт аз ҳисоби 3-3,5 млн/га тухми қобилияти неш-занӣ дошта гузаронида мешавад. Барои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз рўи вазн чунин меъёрҳо тавсия шудааст:
водии Ҳисор, вилояти Хатлон барои киштҳои тирамоҳӣ ва зимистонӣ 100-120 кг/га, баҳорӣ-80 кг/га; дар минтақаҳои кўҳии Кўлоб барои киштҳои баҳорӣ-100 кг/га.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё