Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз дони ҷуворимакка фруктозаи мевагӣ тайёр мекунанд, ки он дар истеҳсоли нўшокиҳои масткунанда истифода мешаванд. Чунки донаш 40% равғани хушсифати озуқаворӣ дорад, ки дорои хусусиятҳои хуби табобатӣ мебошад.
Ҷуворимакка зироати муқаррариест, ки байни қаторҳояш нарм карда мешавад. Аз ин рў вай барои дигар зироатҳои кишоварзӣ пешинакишти хуб аст.
Дар Тоҷикистон ҷуворимакка яке аз зироатҳои асосии емию хошокӣ ва силосӣ буд. Дар соли 2005 барои дон дар масоҳати 10,0 ҳазор гектар ва барои хўрокаи сабзу тарбеда дар масоҳати 16,7 ҳазор гектар парвариш карда шудааст. Имконияти амалие мавҷуданд, ки дар Тоҷикистон аз ҳисоби киштҳои ангорӣ масоҳати майдонҳои кишти ҷуворимакка то ба 30-40 ҳазор гектар расонида шавад.
Аз рўи масоҳати майдонҳо ва истеҳсоли дони ҷуво-римакка ИМА дар ҷаҳон пешсаф аст. Даромаднокии он аз ҳар як гектар 700 доллар буда, аз гандуму сулӣ ду баробар зиёдтар кошта мешавад.
Дастовардҳои ҷуворимаккапарварони пешқадам. Ҷуворимакка дар байни зироатҳои ғалладонагӣ бо ҳосилнокии баланду иқтидорнокияш фарқ мекунад. Аммо ба ин нигоҳ накарда дар соли 2005 ҳосилнокии миёнаи ин зироат дар ҷумҳурӣ 40,5 с/га-ро ташкил додаст.
Пешоҳанги ҳосили баланди дони ҷуворимакка, дорандаи ҷоизаи Давлатии ба номи Абўали ибни Сино Мингтура Бутаев аз хоҷагии ба номи Раҳмонови ноҳияи Қумсангир аз ҳар гектари ангории ин зироат 80-90 сентнер ҳосил рўёнда, аз ду ҳосили як гектар заминҳои обӣ дар як сол (гандуми «Сете Серрос-66+ҷуворимакка) 140 сентнерӣ дон гирифтааст.
Аз майдонҳои бригадае, ки ба он Ризоев аз хоҷагии «Москва»-и ноҳияи Ҷиликул сарварӣ мекунад, ҳосилнокии дурагаи ЮЗСПК 704 ба 130 с/га расонида шуда-аст. Пешқадамони истеҳсолот аз ҳар як гектар замини обӣ то 600-700 сентнер баргу пояи сабз истеҳсол мекунанд.

пешина
аз 314
навбатӣ