Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Таҷрибаҳое, ки дар шароити Ҷумҳурии Олмон гуза-ронида шудаанд, аз самаранокии парвариши ҷувори-макка тавассути кўчатҳо гувоҳӣ медиҳанд. Дар шароити мо ин усули парвариши ҷуворимакка барои гирифтани ду ҳосили дон дар як сол аҳамияти калони истеҳсолӣ дорад.
НИГОҲУБИНИ КИШТҲО. Нигоҳубини саривақтию хушсифати киштзорҳо яке аз унсурҳои асосии усули шадид ва омилҳои гирифтани ҳосили баланди ҷуворимакка аст.
Барои мўътадил нешзании тухмиҳо ҳавогузаронии хуб (аэратсия) доштани хок зарур аст. Зеро ҷанини ҷуворимакка миқдори зиёди оксигенро фурў мебарад. Барои нағз инкишофёбии силсилаи решагии ҷуворимакка ва гирифтани ҳосили баланди он бояд ҳавои таркиби хок на кам аз 20 % оксиген дошта бошад. Дар ҳолати аз 10% кам будани оксиген инкишофи силсилаи решагии он суст мегардад. Баъд аз боронҳо зарур аст, ки ба воситаи сихмолаҳои сабук ё чангакҳои ротатсионӣ (ротационная матыга) сафолакҳо шикаста шаванд. Бо мақсади кам кардани зарари техника ва миқдори коркарди хок тавсия мешавад, ки агрегатҳои якҷоякар-дашудаеро, ки бо як ҳаракат чанд амалиётро иҷро мекунад, истифода бурда шаванд. Дар тамоми давраи нашъунамои ҷуворимакка барои муҳофизат ва нарм нигоҳ доштани хок 3-4 маротиба коркарди байниқаторӣ мегузаронанд.
Коркардҳо ба воситаи нармкунакҳои тамғаи КРН-4, 2, КРН-5,6, ки ба тракторҳои МТЗ-80 ё МТЗ-82 васл гаштаанд, гузаронида мешаванд. Дар вақти коркарди байниқаторӣ ҳам ғизо медиҳанду ҳам барои обмонӣ ҷўяк мебуранд. Барои буридани ҷўякҳои обмонӣ нарм-кунакҳои КРХ-4, КХУ- 4, ки ба онҳо хокгардонҳо васл гаштаанд, истифода бурда мешаванд.
Коркарди якуми байни қаторҳо пас аз пурра пайдо шудани майсаҳо дар чуқурии 8-10 см ва дар масофаи 10-12 см аз растаниҳо дур гузаронида мешавад. Ба сифати олоти паҳлуии нармкунак, ки дар чуқурии 6-8 см заминро нарм мекунад, кафакҳои теғмонад (лапы-бритвы) васл карда мешаванд. Барои нарм кардани хоки байни қаторҳо бо нармкунак чангакҳои равоқнокро (стрельчатый) васл мекунанд, ки онҳо дар чуқурии 10-12 см коркард мегуза-ронанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё