Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Олимон чандин маротиба кўшиш ба харҷ додаанд, ки дар асоси принсипҳои гуногун зироатҳои бешумори парваришёбандаро гурўҳбандӣ намоянд.
Бломер дар асоси истифодаи растаниҳо дар хоҷагии халқ зироатҳои парваришёбандаро ба се гурўҳ тақсим намудааст: ғизоӣ, хўроки чорво ва техникӣ, ки ин тақсимот бе назардошти хусусиятҳои биологию агротехники онҳо сурат гирифтааст. Аз ин рў ин таснифот минбаъд эътироф нагардад, зеро баъзе зироатҳоро дар ин маврид метавон ба ҳар се гурўҳ дохил намуд, аз қабили лаблабу, картошка, ҷуворимакка.
Олими бузурги соҳаи кишоварзӣ Стебут И. А., дар китоби «Зироатҳои саҳрои асоси ва роҳи беҳтар намудани онҳо дар Россия»
растаниҳоро аз руи зичии ниҳолҳо бо 3 гуруҳ тақсим намуд: 1. Зироатҳои дамдодашуда, 2.Саҳроӣ, 3.Марғзорӣ.
Прянишников Д. Н., дар китоби «Зироатчигии хусусӣ, зироатҳои марғзорро бо ду гуруҳ» нахдиҳанда ва алафҳои хуроки чорво. Аммо ғалладонагиҳоро ба 3-гуруҳ .
1.Донаш дорои бисёр крахмал 2.Бисёр сафеда 3.Бисёр равған.
Ин тақсимот дар китоби «Растанипарварӣ »-Якушкина И.В. низ вуҷуд дошт.
Подгорный И. П., зироатҳои саҳроиро аз руи интихобашон (аҳамияташон) бо 4 гуруҳ тақсим намуд.
1.Зирпоатҳори ғаллаги 2.Зиротҳои техникӣ.
3.Зироатҳои полезӣ.
4.Зироатҳои хуроки чорво.
Охирин маротиба профессор академияи кишоварзии бо номи Тимирязови шаҳри Москва. Степанов В. Н., бо ёрии шогирдони худ зироатҳои саҳроиро аз руи маълумотҳои вуҷуддоштаи бо истеҳсолоти кишоварзӣ таалуқдошта ва аз руи истифодаи маҳсулоти асоси ҳангоми ҳосили гирифташуда бо 6 - гуруҳи истеҳсолӣ ва 17 - гуруҳи биологи тақсим намуд, ки ҳоло аз руи ин тақсимот фанни растанипарварӣ замонавӣ омухта мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ