Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ин дору дар водии Вахш бо меъёри 2,5-3 кг/га, водии Ҳисор ва вилояти Суғд 2-2,5кг/га пошида меша-вад.
Дар вақти парвариши ҷуваримаккаи донӣ пошидани амбуш 25 э.к.
(0,6 л/га) ва десис 2,5 э.к.(0,5-0,7 л/га) тавсия мешаванд. Ба муқобили ҳашаротҳои макканда - ширинча, трипс, тортанаккана 20 рўз пеш аз ғунучини ҳосил фосфамиди (БИ-58) 40 фоиза бо меъёри 1,5 л/га пошида мешавад. Меъёри сарф кардани маҳлули корӣ ҳангоми истифодаи техникаи заминӣ 300-500 л/га ва бо самолёт-50 л/га бояд бошад. Дар ҷуворимакказор бештар касалиҳои сиёҳаки гардӣ, ҳубобӣ, зангзанӣ, пўсиши реша паҳн шудаанд. Дар мубориза алайҳи ин касалиҳо чорабиниҳои агротехникаи зерин: безарар-кунии тухмиҳо, киштгардони ҷуворимакка бо дигар зироатҳо, коркарди хушсифати хок самараи хуб мебахшанд. Дар муборизаи зидди ин касалиҳо баровардани навъҳо ва дурагаҳои ирсан устувор аҳамияти калон доранд.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Дони ҷуворимакка ҳангоми саривақт ва дар мўҳлатҳои оптималӣ ғундоштани ҳосил пош намехўрад. Мўҳлати ғундоштани ҳосил ба усулҳои истифодаи он вобаста аст. Ҷуворимаккаи донро дар давраи пурра расидани он ҷамъоварӣ мекунанд. Барои ғундоштани дон комбайнҳои КСКУ-6, КСКУ-6А, комбайнҳои ғалладарави СК-5, «Нива» ва СК-6, «Колос» бо олоти иловагӣ барои ғундоштану майда кардани сўтаҳо ва инчунин комбайнҳои «Херсонетс»-200, «Днепр» истифода мешаванд. Дони тухмии ҷуворимакка дар давраи расиши физикии дон, ки таркибаш 25-30% намнокӣ дорад, ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар ҳолати пеш аз ғундоштани ҳосил аз 20% кам будани намӣ растаниҳо мехобанд, сўтанаҳо хушк мешаванд, ки ин боиси талафоти зиёди дон мешавад. Барои аз сўтаҳо ҷудо кардани дон мошинаи «Дунай»-ро ба кор меба-ранд, ки он дар Булғория ихтироъ шудааст.
Маҳсулоти силосии ҷуворимакка ба воситаи комбайнҳои КС-2,6, КСК- 100 дар давраи думбулии дон, дар ҳолате, ки таносуби туршиҳои (кислотаҳои) ширу сирко барои хобонидани силос ба мақсад мувофиқанд, ғундошта мешаванд. Аз рўи маълумотҳои Пажўҳишгоҳи Украина беҳтарин давраи аз нуқтаи назари иқтисодӣ самараноки ҷамъоварии ҳосили ҷуворимаккаи силоси-давраи думбулию хамирии дон аст.

пешина
аз 314
навбатӣ