Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

ҲОСИЛНОКӢ. Шолӣ дар байни зироатҳои ғаллагӣ ҳамчун ҷуворимакка ҳосилнокии баланди иқтидорӣ дорад. Шоликорони Қазоқистон бештар ҳосили баланди шолӣ гирифтаанд. Дар хоҷагии «Янбек»-и вилояти Қизилорда пешқадамон Казнобаев ва Апрезов ҳосилнокии шолиро аз хар як гектар ба 150 с расонидаанд. Ҳосилнокии миёнаи ҷаҳонии шолӣ аз 29-30 с/га зиёд нест. Дар ИМА он, ба 55-56 с/га баробар аст. Дар Тоҷикистон ҳосилнокии ин зироат соли 2005 32,7 с/га буд. Дар ноҳияи Панҷакент ҳосилнокии миёнаи шолӣ солҳои мусоид ба
60 с/га расидааст. Дар хоҷагии «Сурхоб»-и ноҳияи Фархор аз майдонҳои калон 55-57 с/га дон гирифта шудааст.
Ҳосили баланди шолиро дар ҷумҳурӣ шоликорони Панҷакент ба даст овардаанд. Дар хоҷагии ба номи К. Маркс ҳосилнокии шолӣ ба 70 с/га расонида шудааст ва ҳатто дар (бригадаи Саъдулло Хоҷаев он 85 с/га-ро ташкил карда буд.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Шолии дастпарвар ба се зернамуд тақсим шудааст:

  1. Ҳиндӣ (индика) дони дарози борик дорад, таносуби дарозиаш нисбати бараш ба 3-3,5:1 баробар аст; 2. Хитоию ҷопонӣ (чино-ҷапоника) дони кўтоҳи паҳн дорад ва таносуби дарозии дон ба бараш 1,4-2,9:1 аст; 3. Ҷопонӣ (ҷапоника) дони васеъи ғафс дорад. Дар ҷумҳурии мо зернамуди хитоию ҷопонӣ парвариш карда мешавад. Шолӣ зироати рўшноию гармидусти кўтоҳрўз мебошад. Барои неш зада баромадани майсаҳояш ҳарорати хоку об бояд 14-15°С бошад. Барои сабзиш ва инкишофи он дар давраи нашъунамояш ҳарорати беҳтарин 25-30°С ва ҳадди ниҳоӣ -40°С ба шумор меравад. Шолӣ тағйрёбии ҳароратро (махсусан дар давраи гулкуниаш) бад мегузаронад. Дар ҳарорати аз 5°С паст будани ҳаво нашъунамои шолӣ қатъ мегардад. Сармоҳои баҳорӣ дар ҳудуди -0,5°С барои шолӣ хатарноканд. Пастшавии ҳарарат то 1°С дар ҳама давраҳои инкишофаш ҳалокатоваранд. Ҷамъи ҳарорати фаъол барои гузаштани ҳамаи давраҳои иикишофаш барои навъҳои пешпазак ба 2200°С ва барои навъҳои дерпаз ба 3200°С баробар аст.
пешина
аз 314
навбатӣ