Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар вақти ғизодиҳӣ аз меъёрҳои калони нитрогенӣ (170-180 кг/га м. т.) истифода мебаранд. Бригадири ҳамин хоҷагӣ Яхшибоев Рўзибой пеш аз шудгор ба ҳар як гектар 30-3,5 т пору пошида, дар вақти нашъунамо ба шолӣ се маротиба ғизо додааст: дар ғизодиҳии якўм ҳангоми нешзании майсаҳо – 200 кг/га селитраи аммиаки ва 200 кг/та суперфосфат; ҳангоми ғизодиҳии дуюм дар давраи панҷазанӣ боз ҳамон меъёрҳои дар ғизодиҳии якўм истифода шуда, риоя мешаванд ва дар ғизодиҳии сеюм - дар давраи найчабандӣ 200 кг/га селитраи аммиакӣ пошида мешавад.
ТАЙЁРКУНИИ ТУХМИҲО БА КИШТ, ГУЗАРОНИДАНИ КИШТ.
Кишти шолӣ бо тухмиҳои хушсифати навъӣ яке аз унсурҳои асосии усули парвириши он аст. Тухмиҳо бояд аз ғашҳо тозаю хушк буда, дорои қобилияти баланди нешзанӣ, қувваи сабзиш, тозагии баланди навъӣ бошанд ва ба талаботи стандарт (ГОСТ) ҷавоб диҳанд.
Пеш аз кишт тухмиҳо бо диққат аз ғашҳо, тухмиҳои алафҳои бегона (махсусан аз тухмҳои шамак ва сўкҳо) тавассути мошинаҳои тухмитозакунандаи ОС-1; ВС-3; ОСМ-5 ва дигарҳо тоза карда мешаванд. Дар китъаҳое, ки барои гирифтани тухмиҳо ҷудо карда шудаанд, тавсия карда мешавад, ки тухмиҳои тозагии навъашон 99,5% ва қобилияти нешзаниашон 95% буда истифода бурда шаванд. Коштани тухмиҳое, ки бо тухми алафҳои бегонаи карантинӣ омехта шудаанд, маън карда шудааст.
Тухмиҳои пуч ва курмакҳо дар вақти ғўтонидани масолеҳи киштӣ ба маҳлули 6-8% намаки ошӣ ё сулфати аммоний ҷудо мешаванд. Пас аз ин амалиёт тухмиҳоро тоза шуста, мехушконанд. Дар шароити мо кишт бо тухмиҳои хушк гузаронида мешавад. Аммо новобаста ба ин тар кардани масолеҳи тухмӣ пеш аз кишт пайдошавии майсаҳоро метезонад. Бо ин мақсад тухмиҳоро то ду шабонарўз дар об нигоҳ медоранд ва баъд аз об гирифта то пошхўр шуданашои шамол дода мехушконанд.
Барои баланд бардоштани кобилияти нешзанӣ ва қувваи сабзиши тухмиҳо дар давоми 5-7 рўз коркарди ҳавоию гармӣ гузаронида мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ