Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар сурати нарасидани заҳрдоруҳо барои нест кардани курмак (алафи бегонаи шолӣ ) баландии оби палҳо аз баландии пояи он 5-6 см зиёд карда мешавад ва ин баландӣ то тамоман нобуд шудани курмак нигоҳ дошта мешавад. Дар вақти парвариши шолӣ дар палҳо обсабзаҳои кабуд ё сабз бисёр паҳн шуда, ба сабзишу инкишофи шолӣ монеагӣ мекунанд.
Барои нест кардани обсабзаҳо даҳони фаранг бо вояи 2-3 кг/га ба об ҳамроҳ карда то нест шудани обсабзаҳо ба палҳо об намемонанд.
Дар киштҳои шолӣ малахи шолӣ ва хирсаки муқаррарӣ яке аз ҳашаротҳои паҳншудатаринанд. Малахи шолӣ дар давраи майсабарорӣ, гулкунӣ ва пазиши ширин дон зарар мерасонад. Ин ҳашарот барг, пояҳо ва пулакчаҳои гулии шолиро мехояд.
Нест кардани пояҳои шолӣ ва алафҳои бегона, шудгори чуқури хушсифати тирамоҳӣ ва ғари об намудани майдонҳо воситаи муборизаи зидди ҳашаротанд. Ҳашароти хирсак тухмиҳои нешзадаро хурда, решай майсаҳо ва асоси пояҳоро мехояд. Дар натиҷа растаниҳои ҷавон нобуд мешазанд. Барои нест кардани хирсак авали бахор (то кишти шолӣ ) дар заминхои шудгоршуда дони заҳролуди ҷуворимакка пошида, ба воситаи сихмола таги хок мекунанд.
Ба муқобили ширинчаҳо, хомўшакҳо 20 рўз пеш аз чамъоварии ҳосили шолӣ дар киштзор бо заҳрдоруи Акталлик 5О°/о э. к. аз руи меъёри 0,5 л/га коркард мегузаронанд. Касалиҳои, бештар паҳншудатарини шолӣ инхоянд: перекуляриоз, гелминоспориози баргҳо (доғхои бур), зангзанӣ ва пўсиши реша.
ПЕРЕКУЛЯРИОЗ: яке аз касалиҳои хатарноки шолӣ аст. Барангезандааш замбуруғи перекулярий мебошад. Ба касалӣ пояҳо, буғумҳо, баргҳо ва ҷорубакҳо гирифтор шуда, буғумҳо сиёҳ мегарданд. Пояҳо аз ҷойҳои ба касалӣ гирифтор шудаашон шикаста мехобанд. Ин боиси якбора пастшавӣ ё тамоман нобуд шудани ҳосил мегардад.
ГЕЛМИНОСПОРИОЗИ БАРГҲО. Ба ин касалӣ, ки барангезандааш занбуруғ аст; баргу, пояҳои шолӣ дар даврахои майсагӣ, намудоршавии ҷорубакҳо ва ширагирии дон- ҷорубакҳо ва пулакчаҳои гулӣ гирифтор мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё