Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ХУСУСИЯТҲОИ АГРОТЕХНИКАИ ПАРВАРИШ. Марҷумакро дар системаи киштгардон пас аз зироатҳои лўбиёдонагӣ (лўбиё, лўбиёи чинӣ, мош), байниқаторашон коркардашаванда, тирамоҳии ғаллагӣ ва ғайра ҷойгир мекунанд. Дар киштҳои ангорӣ барои марҷумак зироатҳое, ки ҳосилашон барвақт ғундошта мешавад, аз қабили ғаллагиҳои тирамоҳӣ, картошка, зироатҳои сабзавотӣ пешинакишти беҳтарин ба шумор мераванд.
КОРКАРДИ ХОК. Барои парвариши марҷумак гузаронидани шудгори хушсифат дар чуқурии 28-30 см муҳим аст. Баҳорон шудгорро дар як агрегат култиватсия ва сихмола мекунад. Пеш аз кишт дар чуқурии 5-6 см култиватсия ва дар як вақт сихмола кардан лозим аст.
ИСТИФОДАИ НУРИҲО. Марҷумак ба моддаҳои ғизои эҳтиёҷоти зиёд дорад. Як сентнер дон бо миқдори баргу поя ба он мувофиқ аз хок 4,2 кг нитроген, 2,5 кг фосфор ва 7 кг калийро ҷабида мегирад. Ба ҳисоби миёна ба ҳар як гектар вале фосфор, 40-45 кг нитроген ва 40 кг калий пошида мешавад. Меъёри зиёди калий ба пастшавии ҳосил сабаб мешавад. Истифодаи хокистар имконият медиҳад, ки ҳосилнокӣ зиёд шавад.
Дар амалия нуриҳои органикӣ ва минералӣ дар якҷояи истифода бурда мешаванд ва ин натиҷаи хуб медиҳад. Марҷумак 50% меъёри нуриҳои нитрогенӣ ва фосфориро то давраи гулкунӣ истифода мебарад. таъминоти хуби нуриҳои фосфорию калийгӣ дар гулҳо миқдори шаҳдро (нектар) зиёд мекунанд. Меъёри солонаи нуриҳои фосфорӣ ва калийгиро тирамоҳ пеш аз шудгор ба хок мепошанд. Истифодаи микроэлементҳо (бор, мисс, синг) ва нуриҳои органикӣ ҳосилнокиро як дараҷа зиёд мекунанд.
ТАЙЁР КАРДАНИ ТУХМИҲО БА КИШТ. Кишти марҷумак бо воситаи тухмиҳои тоза, пурра ва ба навъҳо ҷудо кардашуда. Истифода тухмиҳои кондитсионӣ нисбат ба тухмиҳои майдаи камвазн ҳосилнокиро 3-4 с/га зиёд мекунад. Гармкунии тухмиҳо васоти энергия офтоб пеш аз кишт сабаби зиёдшавии энергия сабзиши тухмиҳо мегардад. Коркарди тухмиҳо бо хокистар низ самараи препарати 80%-и ТМТД аз ҳисоби 200- 250 г ба 1 с тухми истифода бурда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё