Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
КИШТ. Кишти наск бо тухмиҳои ҷиддӣ тайёркардашудаи қобилияти нешзаниашон на камтар аз 95% ва тозагиашон камтар аз 99% (дараҷаи 1- ум) тавсия мешавад. Бояд аз маводи киштшаванда тухмиҳои аз брухус зарардидаро ҷудо кард. Бо ин мақсад тухмиҳоро ба маҳлули намаки ош (3-4 кг намаки ош + 12 л. об) тар мекунанд. Зеро ингуна тухмиҳои сабук буда, дар намакоб зуд ҷудо мешаванд. Сипас онҳоро шуста мехушконанд. Тухмиҳоро аз тухми алафи мунҷи паҳндона, ки душмани ашаддӣ ва душворҷудошавандаи киштзор мебошад, бодиққат тоза кардан зарур аст.
Ба муқобили фузариоз, бактериоз ва дигар касалиҳо мубориза бояд бурд. Яъне тухмиҳоро то коштан бо суспензияи заҳрдоруи ТМ ТД-и (80%-2 кг тонна тухмӣ + 10 л об) заҳролуд бояд кард.
Наскро баробари зироатҳои ғалладонаи хўшадор аввали баҳор, баробари фарорасии ҳарорати мўътадили ҳаво (дар чуқурии таги хок бояд ҳарорат 4-5°С бошад) тавассути тухмипошакҳои ғаллагӣ мекоранд. Наск дер коштанро нисбат ба нахўд бад аз cap мегузаронад. Дар ноҳияҳои водӣ ва наздикўҳӣ онро дар зимистон низ коштан мумкин аст. Наскро асосан бо усули қатории муқаррарӣ ва баъзан тасмашакли дуқатора мекоранд.
Меъёри коштани тухми наск 2,5-3,0 млн. дони қобилияти нешзанидошта аст. Меъёри тухмӣ барои кишт аз рўи вазн барои навъҳои майдадона 50-70 кг/гектар ва барои навъҳои калондона 80-110 кг/гектар мебошад. Дар киштҳои зимистонӣ меъёри тухмиҳоро 10-15% зиёд мекунанд.
Меъёри миёнаи тавсияшудаи кишти тухмии навъи Тоҷикии 95 барои минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин аст:
- дар заминҳои лалмии аз боришот нимтаъмини минтақаи Суғд 50 кг/га;
- дар заминҳои лалмии аз боришот таъмини минтақаҳои Кўлобу Ҳисор - 60 кг/га;
- дар киштҳои зимистонии ҳамин минтақаҳо - 70 кг/га;
- дар заминҳои лалмии аз боришот таъмини минтақаи Рашт - 75 кг/га.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё