Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Барои ба даст овардани ҳосили баланд ва устувори зироатҳо таъмин намудани киштзор бо об дар назардошти хусусиятҳои биологии зироатҳо ва талаботи он дар тамоми давраи нашъунамо аз майсазанӣ то расидани ҳосил, зарур аст.
Талаботи растаниҳо ба об дар давраи нашъунамо таъсир меёбад, вай дар давраҳои ибтидоӣ кам буда, бо рафти инкишоф ёфтан - дар давраҳои ташаккулёбии массаи биологӣ, максималӣ, гулкунӣ ва ҳосилбандӣ, (яъне дар давраҳои бўҳронии инкишофёбӣ,) ба ҳадди хатарнок мерасад.
Тибқи маълумотҳои Алпатев С.М. намнокии муҳиди хок дар қабати қарордошти реша дар хок дар ҳадди 60-80 фоиз аз ҳадди намиғунҷоиши камтарин (НК) ва дар давраи рушди интенсивӣ, гулкунӣ ва ҳосилбандӣ дар ҳадди 70-80 фоиз аз НК қарор дорад. Дар мавриди норасоии об на танҳо ҳосил паст меравад, балки сирати он низ бад мегардад. Масалан, дар зироатҳои ғалладонагӣ фоизи сафеда, дар зироатҳои равғандор – баромади равған, дар лаблабу – қанд ва ғайра меравад.
Дар амалия коэффитсенти об истифодабарӣ, яъне миқдори оби барои ташаккули як сентнер ҳосил масрафшавандаро ба ҳисоб мегиранд.
Ҳар қадар коэффисиенти траспиратсия ва коэффмсенти обистифодабарӣ кам бошад, ҳамон қадар масрафи об дар киштзор камтар шуда, ба ҳамон андоза масрафи оби обёришаванда сарфа карда мешавад.
Аз ин рў коркарду татбиқи техналогияи обзахиракунӣ дар истеҳсолот вазифаи актуалии олимон ва мутахассисони КАС ба ҳисоб меравад.
Масрафи обро бо роҳи коркарди саривақтӣ ва бо сифати хок, нуриандозӣ, бахусус нуриҳои органикӣ, ба вуҷуд овардани қитъа бешазорҳо барои паст гардонидани таъсири шамол нисбат ба бўғшавии об аз сатҳи заминҳо, қатъан риоя намудани мўҳлатҳои обёрӣ, меъёрҳои обёрӣ ва ба танзим даровардан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё