Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар шароити водии Ҳисор, минтақаҳои Қурғонтеппа, Кўлоб навъҳои гандуми «Сете Серрос-66», «Наврўз» ва тритикале «Немига-2» метавонанд ҳосили баланд дода имкониятҳои иқтидорияшон-ро нишон диҳанд. Дар сурати риоя кардани усули парвариши ин навъҳо метавонанд то 60-70 с/га ҳосили дон диҳанд. Баъди дарави зироатҳои ғалладонагии тирамоҳӣ дурагаҳои ҷуворимакка (намуди ВИР-156 ТВ, Краснодари- 613 АТВ) ва дар водии Вахш-ЮЗПСК 704, БЦ 666) ҳосили баланд медиҳанд. Кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ дар шароити водиҳои Тоҷикистон як қатор бартарии иқтисодӣ ва ташкилӣ дорад. Онҳо метавонанд омилҳои табиӣ, махсусан боришотҳо, ки сабаби сарфаи об ва камшавии миқдори обмонӣ мегардад, дар давраи тирамоҳу аввали баҳор самаранок истифода баранд. Дар баробари ин як дараҷа миқдори алафҳои бегона, ҳашаротҳо ва касалиҳои растаниҳо кам мешаванд.
Мувофиқи нишондодҳои бисёрсола дарозии давраи ҳарорати ҳаво (аз 10°С боло) баъди дарави зироатҳои тирамоҳӣ дар водиҳои ҷумхурӣ чунии аст: дар вилояти Суғд-100-110, водии Ҳисор 120-130, минтақаҳои Қурғонтеппаю Кўлоби вилояти Хатлон 140-150 рўз. Ин миқдори рўзҳо пурра имконият медиҳанд, ки аз заминҳои обӣ ҳосили дуюми дон гирифта шавад. Ба сифати зироатҳои ангорӣ (баъди дарави зироатҳои тирамоҳӣ) дар Тоҷикистон ҷуворимакка, ҷуворӣ, шолӣ, арзан ва мошро истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст. Риояи дурусти истифодаи навъҳои дуррагаҳои зироатҳои ангорӣ, вобаста ба шароити иқлимиюхокии минтақаҳои ҷумҳурӣ барои пурра пухта расидани дони онҳо ва ҳосили баланди тарҳрезигашта аҳамияти калон дрпад. Дар давраи нашъунамои зироатҳои ангорӣ шароити сабзиши (нешзании) онҳо нисбатан ба киштҳои баҳорӣ ба таври куллӣ фарқ мекунанд. Ҳарорати хок ва ҳаво дар давраи кишт ва аввали нашъунамо нисбатан баланд аст. Дар охири тирамоҳ баръакс ҳарорати хоку ҳаво паст буда, мувофиқан намии ҳаво ва дарозии рўз низ тағир меёбад. Ҳамаи ин тағирёбиҳо сабаби ба таври хос гузаштани сабзишу инкишофи растаниҳои ангорӣ мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё