Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Кунҷораи кунҷит хўрокаи серғизо буда, дар таркибаш -8 фоиз равған, 35-38 фоиз сафеда дошта, барои саноати қаннодӣ масолеҳи бебаҳост.
Аз дудае, ки ҳангоми сўзонидани равғани кунҷит ҳосил мешавад, ранги сиёҳ (туш) тайёр мекунанд. Дар соҳаи атриёт гулҳои кунҷит барои тайёркунии моддаи хушбўй истифода мешавад.
Кунҷит ҳамчун зироати байни қаторҳояш коркардшаванда барои гандум ва ҷав пешинакишти хуб аст. Баъди парвариши он замин аз алафҳои бегона тоза мешавад.
Кунҷит зироати қадима буда, ватанаш Америка аст. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ноҳияҳои қадимтарини кунҷитпарварианд. Майдонҳои асосии парвариши он ба Ҳиндустон ва Хитой мансуб буда, дар Ўзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ парвариш мешавад. Кунҷит дар Тоҷикистон асосан дар заминҳои лалмии аз боришот таъмини ноҳияҳои водигӣ ва наздикўҳӣ кошта мешавад. Масоҳати майдонҳои кунҷит дар ҷумҳурии мо ночиз аст. Дар соли 2005 он ҳамагӣ дар майдони 515 гектар.
Зарурати минбаъд тараққӣ додани соҳаи қаннодӣ талаб мекунад, ки ба ин зироат диққати махсус дода шавад. Масоҳати майдонҳои кишти кунҷит бояд дар заминҳои лалмии аз боришот таъмини ноҳияҳои водигӣ якчанд баробар зиёд карда шаванд ва дар натиҷаи татбиқи навъҳои серҳосил, муккамалгардонии агротехникаи парвариш ҳосилнокии он баланд карда шавад. Кунҷит дар ноҳияҳои водигӣ ва наздикўҳие, ки дар он ҷо дар як сол бориш 500-600 мм-ро ташкил медиҳад, нағз нашъунамо мекунад.
ҲОСИЛНОКӢ. Ҳосилнокии миёнаи кунҷит дар Тоҷикистон ниҳоят паст буда, вобаста ба шароити сол, миқдори боришот аз 3-4 с/га-ро ташкил мекунад. Маълумотҳои бисёрсолаи қитъаҳои навъсанҷӣ ва таҷрибаи хоҷагиҳои пешқадами ноҳияҳои Темурмалик Данғара нишон медиҳанд, ки дар сурати гузаронидани агротехникаи зарурӣ аз заминҳои лалмии аз бориш таъмин 5-6 с/га ҳосил гирифтан мумкин аст. Дар заминҳои обӣ ҳосилнокии кунҷит то ба 16-18 с/га мерасад.

пешина
аз 314
навбатӣ