Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Тибқи он вазифаҳои ҳаётан муҳими актуалӣ оид ба таъмини бехатарии озуқаворӣ гузошта шудааст.
Барои иҷрои онҳо зарур аст, ки ҳамаи захираҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда шаванд. То ин ки маҳсулнокии ҳар як гектар замини киштбоб баланд бардошта шавад.
Истифодаи муфиди потенсиали биоиқлимии (ПБ) Тоҷикистон- нурафшонии зиёди офтоб, рўшноӣ, мавҷудияти об барои обмонӣ, захираҳои барзиёдатии меҳнатӣ ва заминҳои ҳосилхез имконият медиҳанд, ки барномаи бехатарии озуқаворӣ бо муваффақият ҳалли худро ёбад.
Ҳалли бо муваффақиятонаи вазифаҳои гузошта шуда оид ба рушди минбаъдаи растанипарварӣ бе чунучаро аз мутахассис дараҷаи тайёрии он, мавҷудияти дониши кофӣ оиди растанипарварӣ, малакаи идоракунии ҷараёни сабзишу инкишоф ва маҳсулнокии растаниҳо вобастаанд.
Дониши мукаммал оиди қонунҳои сабзиш ва инкишофи зироатҳои мадании саҳроӣ имконият медиҳад, ки технологияи пайдарҳами илман асоснок парвариши растаниҳо дар назардошти парвариши талаботи онҳо ба омилҳои таббии татбиқи худро ёфта, баъзе унсурҳои мўҷтамеи агросаноатӣ мукаммал карда шаванд.
Фанни растанипарварӣ- зироатҳои саҳроӣ, хусусиятҳои парвариши онҳо, қонуниятҳои сабзишу инкишоф ва ҳосилбандиро меомўзад.
Истифодаи қонунҳои зироатчигӣ ва риояи ҳатмии онҳо асоси назариявии ҷараёни идоракунии пайдоиши ҳосили зироатҳои кишоварзиро ташкил мекунад, ки ба он: баланд бардоштани маданияти зироатчигӣ, ҷорикунии киштгардонҳои илман асоснок, шаклҳои минтақавии зироатчигӣ, усули муҳофизати хок ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ мансубанд.
Пеш аз бисёр муҳим аст, ки усулҳои агротехникие тавсия шаванд, ки истифодаи мувофиқи (оптималии) омилҳои ҳаётии растанӣ, истифодаи шиддатнокии қувваи офтобро дар киштзорҳо муҳайё карда, баланд бардоштани дараҷаи (коэффициент) амалии муиди радиатсияи фаъоли фотосинтетикиро (КТМ РФФ) муҳайё созанд.

пешина
аз 314
навбатӣ