Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Татбиқи комёбиҳои илмҳои агрономӣ, биотехнология, инженерияи ирсӣ (генӣ), тухмипарварӣ, тарҳрезӣ кардани дараҷаи ҳосил таҷрибаи пешқадам имконият медиҳанд, ки ҳосилнокии зироатҳои саҳроӣ ба таври куллӣ зиёд шаванд.
Воситаҳое, ки барои гирифтани маҳсулоти тозаи экологӣ дар соҳаи растанипарварӣ татбиқ мешаванд, аҳамияти калон доранд. Дар ин самт барои бартараф кардани норасоии нуриҳои нитрогенӣ-зироатҳои лўбиёгӣ метавонанд нақши калон бозанд. Зери онҳо чун корхонаи биологиеанд, ки нитрогени ҳаворо фурў бурда, онро дар хок барои зироатҳои паскиштшаванда, пестисидҳои биологӣ, нуриҳои бактериалию сабз (сидератҳо) низ метавонанд воситаи хуби истеҳсоли маҳсулоти тозаи экологӣ шаванд.
Истифодаи самараноки заминҳои корам, захираи иқтидори биоиқлимии ҷумҳурӣ, гирифтани ду ҳосили ғалладонагиҳо ва се ҳосили зироатҳои хўроки чорво дар як сол (20-25 ҳ. в. х. аз ҳар як гектар)- воситаҳои муҳими зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ мебошанд.
Сахми техологияи интенсиви дар баланд бардоштани хосилнокии зироатхо.
Дар баланд бардоштани маҳсулнокии заминҳои корам мукаммалгардонии технологияи (интенсиви) парвариши зироатҳои саҳроӣ ва риояи қатъии унсурҳои он аҳамияти махсусро доранд. Ба он унсурҳои зерин мансубанд:
- интихоби дурусти қитъа дар маҳалли ҳамвор ва коштани зироатҳои саҳроӣ ҳангоми киштгардон пас аз зироатҳои пешкиштшудаи қиматбаҳо;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё