Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 дар вохўриашон бо коркунони Комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ ба таҷрибаи дар як сол гирифтани ду ҳосили дон аз заминҳои обии олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баҳри баланд дода қайд намуданд, ки рўёнидани 155 сентнер аз як гектар дар амалияи зироаткории ҷаҳон рекорд аст.
- Ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагии хўшадор ва
ҷуворимаккаи ангорӣ ҳангоми истифодаи меъёрҳои
ҳисобии нуриҳо дар шароити водии Вахш
Кишти тирамоҳӣ Кишти ангорӣ Ҷамъ дар ду ҳосил зироат ҳосил Дурагаҳои ҳосил ҷуворимакка Гандум 75,8 ВИР 42 МВ 67,2 143,0
ВИР 156 ТВ 79,5 155,3
ВС 6661 104,7 180,5
Тритикале 66,6 ВИР 42 МВ 67,2 133,8
ВИР 156 ТВ 79,5 146,1
ВС 6661 104,7 171,3
Ҷав 53,9 ВИР 42 МВ 67,2 1121,1
ВИР 156 ТВ 79,5 133,4
ВС 6661 104,7 158,6
Мавзуъ : Вазифаҳои илмиҳои кишоварзӣ дар соҳаи растанипарварӣ ва тараққиёти минбаъдаи онҳо. (2соат) .Усулҳои тадқиқот дар растанипарварӣ. Самтхои корҳои тадкикоти илми дар кафедраи растанипарвари. Аҳамияти КТИ дар тайёркунии мутахасисон.
Растанипарварӣ ҳамчун қисми асосии соҳаи кишоварзӣ бояд аҳолиро бо озуқаворӣ, соҳаи чорводориро бо хурокаҳои гуногун ва саноати маҳалиро боа шёи хом таъмин намояд.
Растанипарварӣ ҳамчун Фан асосҳои илмии усулҳои шадиди гирифтани ҳосили баланду устувори зироатҳои саҳроиро меомузонад.
Растанипарварӣ ба фанҳои физика, ботаника, физиологияи растанӣ, геология, хокшиносӣ, меторология, селексия ва тухмишиносӣ, зироатчигӣ, мелиорация ва энтомология алоқаи зич дошта бо онҳо такя мекунад.
УСУЛХОИ ТАДҚИҚОТ ДАР РАСТАНИПАРВАРӢ
Барои омўзиши масъалаҳои муҳим оид ба технологияи парвариши зироатҳо тадқиқотҳои махсуси илмӣ гузаронида мешаванд.
Яке аз методҳои аосии тадқиқот дар растанипарварӣ методи таҷрибаи саҳроӣ мебошад, ки барои омўзиши усулҳои агротехинкӣ ба тариқи васеъ истифода бурда мешавад.
Яке аз хусусиятҳои хоси таҷрибаи саҳроӣ аз он иборат мебошад, ки тадқиқотҳои таҷрибавиро бевосита дар шароити майдонҳои васеъ мегузаронанд. Таҷрибаи лабораторию саҳроӣ яке аз намудҳои таҷрибаи саҳроӣ буда, дар қитъачаҳои на чандон калон бо мақсади омухтанӣ растанӣ, навъ, тарз, коркарди хок, кишт, меъёри кишти тухмӣ ва нурӣ, усулҳои нигоҳубини киштзор дар давраи нашвӣ ва дигар масъалаҳои технология парвариш гузаронида шаванд, чунки гузаронидани онҳо дар майдонҳои калон хавфнок ва душвор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё