Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Қаламчаҳо то фарорасии сармо реша давонда зимистонро нағз мегузаронанд. Ба мўҳлати шинондани қаламчаҳо қатъӣ риоя кардан лозим аст.
НИГОҲУБИНИ ГАРМХОНАҲО. Баъди шинондани қаламчаҳо (10 рўз) то реша пайдо кардани онҳо гармхона бояд дар ҳадди 20-25°С гарм нигоҳ дошта шавад. Барои нағз реша пайдо кардани қаламчаҳо 3-4 рўзи аввал гармхонаро бо бурё ё пахол мепўшонанд. Баъд аз ин 3-4 рўзи дигар дар соатҳои гарми рўз (10-16) ба онҳо соя андохтан лозим аст.
Бо мақсади пешгирӣ намудани қаламчаҳо аз сирояти касалиҳои замбурўғӣ гармхонаҳо бояд чунон соя кунонда шаванд, ки ба дохили он ҳар ҷо-ҳар ҷо рўшноӣ дохил шавад. Дар рўзи ҳаштум соя кардани гармхонаҳоро катъ мекунанд.
Дар пагоҳирўзии бесармо (ҳарорат аз 4-5°С паст набошад) 1-2 соат гармхонаҳо шамол дода мешаванд. Ба қаламчаҳо андаке об медиҳанду дар ҳолати зарурӣ хокро нарм мекунанд.
Баъди реша пайдо кардану ба қадкашӣ cap кардани қаламчаҳо нўгҳои онҳоро сарчин карда, баргҳои калонашро канда мепартоянд. Ин чорабинӣ тартиби ҳавоию-рўшноии растаниҳоро беҳтар мекунад.
Баробари фарорасии сармо гармхонаҳоро бо буре пўшонда, рўзҳои бесармо ҳар сари чанд вақт шамол медиҳанд. Бе ин амал ниҳолҳо ба касалиҳои замбурўғӣ гирифтор мешаванд. Бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон мунтазам мубориза мебаранд.
УСУЛИ ПАРВАРИШИ АНҶИБАР ДАР МАЙДОНИ КУШОД. Барои пешгирӣ намудани касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасони ба он хос анҷибар дар як майдон аз ду сол зиёд паи ҳам кошта намешавад.
Дар шароити Точикистон баъди пахта коштани анҷибар дар он сурате мумкин аст, ки ҳашаротҳои зараррасони барояшон умумӣ паҳн нашуда бошанд. Барои анҷибар юнучқазори қабат-қабат чапагардон карда ва лубиёдонагиҳо пешинакишти беҳтаринанд. Баъд аз ҷуворимакка, ҷуворӣ низ онро парвариш кардан мумкин аст. Дар хоҷагии «Герань»-и ноҳияи Қумсангир анҷибар дар киштгардони 9 майдона аз рўи нақшаи 3:3:1:2 (3 майдон юнучқа, 1-ғаллагиҳо, 5-анҷибар) парвариш меёбад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо