Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳангоми ҷойгиркунии кишти ғаллагиҳо аз шимол бо ҷануб сифати маҳсулот аз он ҷумла сафеда зиёд мешавад ( бо ин таъсири иқлими хушк, гарми, миқдори нитроген дар хок ва рушной).
Бо сифати дон шароити парвариш ва миқдори нурӣ ва пешинакишт таъсир мерасонад. Ҳангоми додани N120 Р 60 К 60 миқдори шира дар дони гандуми тирамоҳи аз 27,8 % (бе нури) то 36,9 % зиёд шуд.
Сифати маҳсулоти лаблабуи қанд вобаста аз коркарди хок, зичии ниҳолҳо ва меъёри нурӣ иваз мешавад. Ҳангоми зиёд будани нитроген фоизи қанд аз 0,5 то0,7 зиёд мешавад, фосфор ва калий фоизи қандро аз 0,2 то 0,5 зиёд мекунанд Камшавии зичии ниҳол низ ба камшавии қанд оварда мерасонад. Ҳангоми дертар ҷамъоварӣ кардани лаблабу фоизи қанд зиёд мешавад.
ТАНЗИМГИРАНДАГОНИ РУШДИ РАСТАНИҲО(Моддахои фаъоли биологи). Барои суръат бахшидан ва суст намудани ҷараёни сабзиши растаниҳо, дар мавриди зарурият моддаҳои танзимбахшандаи сабзиш-ингибиторҳо ва ретардантҳоро истифода мебаранд. Ба онҳо гибберлин, кислотаи қаҳрабо, морфамол, композан, натриол, ферментол, таркиби ТУР (хлорхолинхлорид) ва ғайра мансубият доранд.
Бештар барои кўтоҳ намудани рушди растаниҳои навъи пояашон баланди ғалладонагӣ ва пешгирӣ аз хобравии онҳо дар шароитҳои истеҳсолӣ таркиби ТУР-ро аз ҳисоби 4-5 кг дар гектар, дар охири давраи панҷазанӣ ва оғози қадкашии гандум, ҷав ва ғайра истифода мебаранд.
Ферментолро (таркиби истеҳсоли венгерӣ) дар киштзори ҷуворимакка, гандум, шолӣ, ки шиддатнокии фотосинтезро таҳвият мебахшад ва ҳосилнокиро баланд мебардорад, истифода мебаранд.
Морфамол, ҳамчунин аз ҳисоби бардоштани шиддатнокии фотосинтез, ғун гаштани моддаҳои органикиро тезонида, ҳосилнокии ҷуворимакка ва гандумро то 6-7 с аз 1 га баланд мебарад.
Натриол барои истифода дар картошкапарварӣ тавсия шудааст.

пешина
аз 314
навбатӣ