Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Зироатҳои ғалладонагиро тирамоҳ бо чунин ҳисобе кишт мекунанд, ки то фарорасии хунукӣ дар растаниҳо системаи инкишофёфтаи хуби решагӣ ташаккул ёфта растаниҳо аз обутобёбӣ гузашта, барои зимистонгузаронӣ карбогидратҳоро захира намоянд. Вобаста аз зироат ва навъҳо барои ин аз пайдошавии майсаҳо то сармоҳои зимистон ба ҳисоби миёна 40 -50 рўзро талаб карда мешавад.
Кишти тирамоҳии зироатҳои бо ҳам қиёсшаванда дар муқоиса бо кишти баҳории хеш бартариро соҳиб мебошанд. Онҳо нисбатан самараноктар буда, омилҳои табии боришоти атмосфериро пурратар истифода мебаранд ва аз хушкӣ камтар зарар мебинанд, барвақтар мерасанд ва чун қоида, бештар бахусус дар заминҳои лалмӣ, ҳосили бештаре медиҳанд.
Дар минтақаҳои водигии Тоҷикистон кишти зимистонии зироатҳои ғалладонагии хўшадор, наск, мушунг, офтобпараст, инчунин картошка дар охирҳои моҳи ноябр ва аввали декабр ба тариқи таҷриба амалан иҷро гардонида шудааст. Чунин киштзорҳо омилҳои табии, ба хусус боришотро бехтар истифода бурда, назар ба кишти баҳории барвақт ҳосили нисбатан баландтар медиҳанд.
Дар заминҳои обёришавандаӣ нохияҳои водигии Тоҷикистон кишти ангории зироатҳои ғалладонаги гармидуст, ба хусус ҷуворимакка, арзан, ҷуворӣ, инчунин зироатҳои ғалладонагии, лўбиёгӣ, ба мисли лўбиё, мош, сояропас аз ҷувории ҳосили зироатҳои галладонагии тирамоҳи ва дигар зироатҳои тезраси кишти баҳорӣ кишт мекунанд.
Ба василаи таҷриба имконятҳои зерикиштаи шолӣ ва марҷумак ба исбот расонда шудааст.
Ҳамчунин кишти тобистонаи картошка санҷида мешавад. Кишти зироатҳои ангорӣ ба истифодаи самараноки захираҳои иқлимии минтаҳо мусоидат карда, иқтидорнокии ҳар як гектари киштзори обёршавандаро баланд мегардонад ва гирифтани 2-3 ҳосили зироатҳои кишоварзиро таъмин менамоянд.

пешина
аз 314
навбатӣ