Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Кишоварзӣ
Аз аввал хондан- истифодаи тухмиҳои хушсифату дараҷаи (класси) якуми сермаҳсули навҳои (дурагаҳои) ба таври шадид ноҳиябандишуда ва гузаронидани кишт дар мўҳлатҳои аниқ (оптималӣ);
- истифодаи дурусти усули ҳимояю масрафи қувва ва намӣ, коркарди хок, техникаю усулҳои сермаҳсул, дастгоҳҳои чандамалиёта, ягонакуниро аз байн мебаранд;
-аз рўи меъёр пошидани нуриҳо барои гирифтани ҳосили тарҳрезишуда, қисм-қисм истифода бурдани онҳо дар давраи зиёд будани талабот ба моддаҳои ғизоӣ аз рўи таносуби дурусти ташхису хоку растаниҳо;
-истифодаи заҳрдоруҳои (гербисидҳои) пурсамари камзаҳр, муборизаи шадид бар зидди алафҳои бегона, ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои растаниҳо; Истифодаи моддаҳои сабзонандаи фаъоли биологӣ бо максади ба танзим даровардани ҷараёни сабзишу инкишофи растаниҳо; Яке аз омилҳои асосии гирифтани ҳосили баланд зироатҳои кишоварзӣ-риояи қатъии низоми технологии талаботҳо нисбат ба ҷараёнҳои технологӣ аз рўи сифат, вақт ва мўҳлатҳои аниқи онҳост.
Татбиқи шаклҳои нав ва усулҳои пешқадам дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ барои ба даст овардани ҳосили баланду хушсифат, вазифаи муқаддаси ҳар як мутахасси ва роҳбари хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад.
Таракиёти растанипарвари ҳамчун фанни илми.
Дар ҳалли масъалаҳои дар пешистода растанипарварӣ ҳамчун фанни илми аҳамияти калон дорад.
Пайдоиши ин илм дар Россия ба асри 18 таалуқ дорад. Асосгузори ин Фан Ломоносов М.В. ба ҳисоб меравад, (1711-1765 ).У дар назди Академики илмии Россия «синфи зироатчиги» ташкил намуда оиди ҷамбаст намудани таҷрибаҳои илмии парвариши зироатҳои кишоварзӣ саҳми худро гузоштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё