Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзуъ: ҶАВ (4соат)
Аҳамият, паҳншавӣ ва ҳосилнокӣ. Хусусиятҳои биологӣ ва навъҳои ноҳиябандишуда. Технологияи шадидӣ парвариши ҷав.
Ҷав аз рўи истифодабариаш зироати серсоҳа буда, аҳамияти озуқаворӣ, хўрокавӣ ва техникӣ дорад. Ҷав инчунин яке аз зироатҳои асосии емию дурушт ба шумор меравад. Дони ҷав хўрокаи емии пурбаҳою бемисл буда, дар таркибаш тамоми маҷмўи аминокислотаҳое, ки барои парвариши чорво зарур аст, мавҷуданд. Дони ҷав дар хўрокаҳо ягона манбаи протеини ғаллагӣ аст. Ғизонокии як килограмм дони ҷав ба 1,2 воҳиди хўрока (в. х.) баробар аст. Аз дони ҷав қаҳва (кофе), ярмаи ҷав ва спирт тайёр мекунанд. Дар таркиби дони ҷав 11-13% сафеда; 2,8- 3,5% лизин, 64-65% моддаҳои экстративии бенитрогении оҳаршакл ва 2,1% равған мавҷуд аст.
Дони ҷав дар тайёр кардани фуқўҳ - нўшобаи ҷавӣ (пиво) ҳамчун маҳсулоти асосии хом истифода бурда мешавад. Барои тайёр кардани пиво донҳои пурраи ҳамвор, ки вазни 1000 донаашон 45 г. аст ва қобилияти баланди энергияи сабзиш доранд (на кам аз 90 фоиз) доранду дар таркибашон миқдори зиёди сафедаро дороанж, истифода бурда мешаванд. Аз рўи масоҳати майдонҳои кишти зироатҳои ғалладонаги дар Тоҷикистон ҷав пас аз гандум дар ҷои дуюм меистад. Дар солҳои охир тағйирёбии масоҳати кишт ва ҳосилнокии ҷав он қадар назаррас нест.
Дар соли 2005 масоҳати майдонҳои кишти ҷав 44,7 ҳазор гектарро ташкил карда буданд. Ҷав дар заминҳои обию лалмии минтақаҳои ҷумҳурӣ ба таври васеъ асосан чун зироати тирамоҳӣ ва дар ноҳияҳои кўҳӣ чун зироати баҳорӣ кошта мешавад. Дар ноҳияҳои ҳамвори наздикўҳӣ ҳосилнокии ҷави тирамоҳӣ нисбат ба кишти баҳорӣ зиёдтар аст.
Кишти тирамоҳии ҷав боришоти давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳорро самаранок истифода мебарад. Дар ВМБК ҷав то ба баландии 3000-3500 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудааст. Дар ин минтақа дигар зироатҳои ғаллагӣ пухта намерасанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё