Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Навъҳои ҷави чорқатора аз рўи ба хушкӣ хеле тобовару тезпаз будан ва сафедаи зиёд доштану пошнохўр будани донаш аз ҷавҳои дуқатора бартарӣ доранд. Дони ҷавҳои дуқатора барои пухтани фуқўҳ васеъ истифода бурда мешаванд.
Аз таснифи дар боло овардашудаи навъҳои ноҳиябандикунонидашуда маълум мешавад, ки онҳо аз рўи ин ё он хусусиятҳояшон ба талаботи имрўзаи истеҳсолот ҷавобгў нестанд. Аз ин рў, дар назди тухмипарварон вазифа гузошта шудааст, ки навъҳои серҳосил, хобнорави устуворро, ки ба талаботи усули шадид ҷавоб медиҳанду иқтидори ҳосилнокии донашон ба 50-60 с/га мерасад ва дар таркибашон миқдори зиёди сафеда ва лизин доранд, рўёнанд.
Технологияи шадидӣ парвариши ҷав.
МАВҚЕИ ҶАВ ДАР КИШТГАРДОН. Коштани ҷав ба зироатҳои пешкишт сахт вобастагӣ дорад. Барои ҷав зироатҳои пешкишти беҳтарин инҳоянд: заминҳои дамдодашудаи банд, лўбиёгиҳои донӣ, қабати шудгори ковоккардашудаи юнучқа, зироатҳои полезӣ, ҷуворимакка, ҷуворӣ, гандуми тирамоҳӣ ва дар силсилаи киштгардони пахта-юнучқа. Дар баъзе ҳолатҳо ҷавро байни қаторҳои пахта низ мекоранд. Бо туфайли он, ки давраи нашъунамои ҷав кўтоҳ буда, нисбат ба дигар зироатҳои ғаллагӣ 10-15 рўз пештар месабзад. Имконият пайдо мешавад, ки баъди ғунучини ҳосили он дигар зироатҳои ангорӣҷуворимакка, ҷуворӣ ва шолӣ кошта, ҳосили дубораи дон гирифта шавад.
Ин хусусияти ҷав ба он мусоидат мекунад, ки заминҳои кораму омилҳои табиӣ бештар истифода бурда шаванд ва ба муҳити зист зарар нарасад. Дар навбати худ ҷав барои аксар зироатҳои соҳаи кишоварзӣ зироати пешкишти беҳтарин ҳисобида мешавад.
КОРКАРДИ ХОК. Дараҷаи ҳосилнокии зироатҳои соҳаи кишоварзӣ пеш аз ҳама ба коркарди хок зич алоқаманд аст. Коркарди хок барои парвариши ҷав ба коркарди гандум монанд аст ва пеш аз ҳама аз зироати пешкишт, хусусиятҳои минтақавӣ ва ҳолати хок вобаста мебошад. Ба ҳар ҳол коркарди хок бояд чунин вазифаҳоро иҷро намояд: хокро аз бодлесӣ ҳифз кунад, намиро дар хок ғун карда нигоҳ дорад.

пешина
аз 314
навбатӣ