Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ин рўзҳои офтобӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз 225 то ба 300 рўз мерасад. Вале баробари баланд шудани маҳал рўзҳои офтобӣ кам шуда, дар баландиҳҳои 3000 м ҳамагӣ 110-112 рўзро ташкил медиҳанд. Чуноне, ки аз тавсифи боришоти солона ва ҳарорати ҳаво дар моҳҳои январ июл маълум мешвад, сарзамини Тоҷикистон хелҳои гуногуни иқлимро дорост. Ҳаминро ҳам қайд кардан лозим аст, ки ҳарчанд шароити микроиқлими ҷумҳурӣ то як андоза дуруст омўхта шуда бошад ҳам, хусусиятҳои микроиқлимии ноҳияҳо, шаҳракҳо ва минтақаҳои вертикалӣ ҳоло кам омўхта шудаст. Ҳоло сарзамини ҷумҳурӣ хелҳои зерини иқлимро дорост.
Иқлими тобистонаш хеле гарм ва зимистонаш мулоим.
Ин иқлим асосан ҳамвориҳои соҳилҳои дарёи Аму, ҷанубии Вахш, ҷанубии Қабодиён ва як қисми ҳамвории дарёи Сирро дар бар мегирад. Ин ҳамвориҳо аз сатҳи баҳр ба ҳисоби миёна 350-500 метр баланд мебошанд.
Давраи гармӣ ба 200-210 ва давраи хунукӣ ба 90 то 140 рўз мерасад, ки дар як сол аз 100 то ба 200 мм бориш мешавад. Ҳарорати моҳи январ аз 0 то 3-4 градус мерасад.
Ноҳияҳои Қабодиён ва Вахш бошад, бо тамоми хусусиятҳои иқлими худ, иқлими субтропикии хушкоро дорост.
Иқлими тобистонаш гарм ва зимистонаш салқин.
Ин хел иқлим дар доманакўҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор дида мешавад, ки аз сатҳи баҳр 500-1500 метр баланд аст. Дар ин ҷой ба ҳисоби миёна 350-700 мм бориш мешавад.
Иқлими мўътадил.
Ин хел иқлим ба водиҳо ва минтақаҳои вертикалии миёнакўҳи кўҳистони Зарафшон, Сурхоб ва Помири Ғарбӣ хос аст, ки аз сатҳи баҳр ба ҳисоби миёна 1500-3200 м баланд мебошанд. Тобистони ин ҷоҳо салқин, зимистонаш сард аст. Тамоми сол қариб баробар бориш мешавад. Ин хел иқлим рафта-рафта дар баландкўҳ ба иқлими хунук табдил меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё