Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзуъ: Ҷави сулӣ (2 соат)
Аҳамият, хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Агротехникаи парвариши ҷави сулӣ.
Сулӣ яке аз зироатҳои муҳимтарини озуқаворӣ ва хўрокаи чорво ба шумор меравад. Донаш ҳамчун хўроки емӣ барои ҳайвоноти кишоварзӣ ва паррандагон истифода бурда мешавад. Аз дони сулӣ ярма «Геркулес»
ва қаҳва тайёр мекунанд. Шираи (отвар) сулӣ дар тибби қадим барои муолиҷаи касалиҳои қанд ва зарда истифода мебаранд. Ҳоло ҳам аз ин усул табобат истифода мебаранд. Дони сулӣ дар таркибаш 10-12% сафеда (навъҳои лучтухм то 16%), 40-50% оҳар, 4-5% равған дошта, пояи он хўрокаи хушсифатест, ки дар таркибаш 4% сафеда дорад.
Сулӣ дар Тоҷикистон яке аз зироатҳои пурбаҳотарини емию хошокӣ буда, дар минтақаҳои гуногуни заминҳои обию лалмӣ барои дон ва истеҳсоли хўрокаи чорво истифода бурда мешавад.
Киштҳои омехтаи сулӣ бо мунҷ ва мушунг чун хўроки чорво ва ҳамчун зироати дар фасли зимистон нашъумокунанда дар амалия ба таври васеъ паҳн шудаанд.
Дар соли 2005 масоҳати майдонҳои кишти сулӣ 1059 гектар ва ҳосилнокиаш 11 с/га-ро ташкил медод.
Риояи талаботи агротехникаи парвраиши ин зироат дар шароити ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки то 40-50 с/га гирифта шавад. Ҳосили баланди дони сулӣ (60,4 с/га) дар қитъаи навъсанҷии Узуни Ҷумҳурии Ўзбекистон гирифта шуда буд.
Дар колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Қубодиён 37,2 с/га дон ва 380,2 с/га баргу пояи сабз гирифта шудааст. Дар ноҳияи Турсунзода ҳосили 480-520 с/га-и баргу пояи сабзӣ сулӣ парвариш карда мешавад.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Дар истеҳсолот ду намуди сулӣ: сули кошташаванда (Авена Сатива Л) ва сули Византия (Авена византина с с.
Кох) маъмул мебошанд. Ғайр аз ин бомас- сулиҳои ёбоиро (А. фатуа, А.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё