Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Олим Павел Лукницкий зиёда аз 30 сол барои омӯхтани ҷумҳурияти мо вақти пурсамари худро сарф кардааст. Ӯ дар китоби «Тоҷикистон» ҳикояи пирмарди 80-соларо дар бораи Беки Ҳисор ба қалам до- дааст.

Тӯра Хӯҷаеви 80-сола ба олим ҳикоят кардааст: «Бек баъзан ба кӯҳҳо барои тобистонгузаронӣ ме- рафт ё ба ҳокимони ҳамсоя меҳмон мешуд. Пеш аз баромадани ӯ ду ходим аз пеши дарвозаи қалъа кар- най менавохт. Калоншавандагони шаҳр бо шунидани оғози карнай ҷомаҳои зардӯзии худро пӯшида ба асп- ҳо савор мешуданд.

Бек либосҳои худро оро дода аз қалъа мебаро- мад ва чорсад нафар рикобиёнаш аз ақиби ӯ равон ме- шуданд. Пеш-пеши бек ҳафт қосид медавид, сарбозо- наш аз паси рикобиён меомаданд. Аз охири ин «тан- тана» як тӯпи хурди аз давраҳои қадим монда низ ба ҳаракат меомад ва тавоноии ҳокимро намоиш медод. Вақте ки бек аз қалъа мерафт, ин тӯпча як тир паррон- да, «он ҳодисаи бузургро ба тамоми дунё» маълум мекард. Вақте ки бек барои зимистон гузаронидан боз ба қалъа бармегашт, тӯп боз як бор садо мебаро- вард.

Бек аз сафар баргашта, «аз рӯи лутфу карам» он бойҳоеро, ки андозро пеш аз ҳама супоридаанд, қабул менамуд ва ба калонтарини онҳо бо дасти худ сарупо ва ҷомаи зардӯзӣ мепӯшонд. Пас ба тасдиқи ҳукми қозиҳо мегузашт ва «гунаҳгорон»-ро аз май- дони пеши масҷид гузаронида панҷоҳ ё ҳаштод дар- ра мезанонд. Аммо «ёғию боғӣ»-ҳоро, яъне онҳоеро, ки дар назди худо ё ҳокимияти бек гуноҳе карда- анд, дар яке аз он ду маноре, ки аз ду тарафи даро- мадгоҳи қалъа воқеъ буд ва то имрӯз нигоҳ дошта шудааст, ҳабс менамуд.

Пас аз андаке онҳоро ба Бухоро мефиристоданд ва бо ҳукми қозикалони Бухоро мекуштанд. Аз та- рафи шимолии қалъа, дар поёни теппа дар он ҷое, ки ҳавлиҳои дарбориён сар мешуд, дар болои май- дон мехчӯбе буд, ки қатлшавандагонро бар он ме- шинонданд...» (15-335).

Айнан ҳамин гуна амалиёт дар қалъаи Қаротоғ низ ба ҷо оварда мешуд.

пешина
аз 214
навбатӣ