Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
М. Турсунзода дар достони тарҷимаи ҳолии худ «Водии Ҳисор» дар ситоиши қалъаи Ҳисор, ки дар он ҷо ҳамеша зулму ситам ҳукмрон буд, навиштааст:
...Хонаамон буд дар Ҳисори қадим,
Дар Ҳисори харобаи пурбим,
Қалъае байни деҳа меистод,
Даҳшаттовар чу ҳайкали ҷаллод.
Ҷониби кулбаҳои вайрона
Чашм медӯхт худписандона.
Зери он қалъа пур буд аз сарбоз
Пур аз сарбозҳои одамтоз.
Як гурӯҳ одамон — ҷавону пир
Даст дар пушту пой дар занҷир,
Саҷдаи боргоҳ мекарданд,
Марги худро нигоҳ мекарданд.
Соддалавҳона ман ба ин манзар
Менамудам нигоҳ карда гузар (1-95).
Дар ҳамон давру замон, чӣ дар Қаратоғ ва чӣ дар тамоми аморати Бухоро, идоракунии ҳукумат усули якранг дошт. Зулму ситами замона боиси қашшоқшавии деҳқонону косибон гардида буд. Маҳсулоти бо азобу шиканҷа тайёр кардаи деҳқонону косибон бештараш насиби давлатмандону пайравони онҳо мегашт. Заҳмати 14—15 соатаи деҳқону косиб ба худи онҳо ҳамеша насиб намекард. Онҳо ҳаловати пешро надида тарки деҳқонию косибӣ менамуданд.
Инак, мухтасар оиди усули идоракунӣ дар аморати Бухороро пеши назар оварда, гуфтаҳои болоро шарҳ медиҳем.
Дар аморати Бухоро усули идоракунӣ пеш аз истилои ҳукумати подшоҳӣ мавҷуд буд, бе ҳеҷ гуна
тағйирот давом кардан гирифт. Аморати Бухоро ба
27 вилоят (бекигарӣ) тақсим гардида, ба ҳар яке аз
онҳо бек ё ҳоким, қозӣ, раис ва муфтӣ аз тарафи
амир таъин карда мешуд. Ҳоким мебоист корҳои давлатӣ, маъмурӣ ва зироатиро идора мекард, қозӣ дар
асоси шароит корҳои маҳкамаро ба ҷо меовард, раис
аз тарафи аҳолӣ иҷро шудани фармоишоти дину шариатҳоро назорат менамуд ва муфтӣ ҳамчун «донандаи
қонунҳои шариат» дурустӣ ё худ нодурустии ин ва ё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё