Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тавассути дуки ресандагӣ ба нах табдил медоданд. Аз наҳи тайёр калоба мересиданд.
А. Ҷомӣ дар ситоиши дуки ресандагӣ фармудааст:

Чу гирад ба каф дуки ресандагӣ,
Кашад нӯки килк аз нависандагӣ.

(16, сҷ. 398).

Баъд аз ҳамроҳ шудани кишвари Ҳисор ба хонигарии Бухоро абрешим аз Бухоро, Тошканд, Хӯҷанд, шаҳрҳои водии Фарғона, аз Самарқанду Хоразм оварда мешуд. Мавҷудияти наҳи абрешим боиси бофтани матои абрешимии «абр» гардид. Баъди ҳамроҳ шудани кишвари Наздикаспӣ ва Туркистон ба Россия, шартномаи хонигарии Бухоро бо Россия баста шуд. Минбаъд абрешим аз корхонаҳои саноати истеҳсолии наҳи абрешими Россия оварда мешуд. Наҳи абрешим ба ғайр аз бофандӣ боз барои дастидӯзӣ, шероздӯзӣ истифода мешуд. Ба дастидӯзии қаротоғӣ ҷойнамоздӯзӣ, рӯймолдӯзӣ маълум буд.

Калобаи аз наҳи пахта ресидаро дар деги пуроб меҷӯшонданд ва оҳар медоданд. Барои оҳарро тайёр кардан, дар дег об ва орди муқаррарӣ андохта меҷӯшонданд. Баъди ҷӯшондан онро дар лагандҳо андохта, калобаро 1—2 маротиба ба оҳар тар мекунанд. Баъд аз он калобаро бо дастакҳои кӯтоҳ меҷафанд ва меафшонанд, то ки нахҳо аз ҳам ҷудо шаванд ва ба якдигар начаспанд. Калобаи оҳардода, нахҳояш қаиш ва мустаҳкам мешавад. Калобаи хушкшударо ранг мекунанд.

Дар ҳунари бофандагии Қаротоғ то инқилоби Бухоро косибон аз ранги тайёр истифода намебурданд. Дар маҳаллаҳое, ки косибон бештар буданд, устоҳои рангрез ранг тайёр мекарданд. Чунончӣ, Пири рангрез, усто Болту, усто Қодир, Болтуи рангрез, Ёдгори кӯкчӣ ва ғайраҳо. Рангрезҳо ё косибони мутахассис аз гиёҳҳо ранг тайёр мекарданд.

Рангуборкунӣ дар Қаротоғ бо ду усул ба ҷо оварда мешуд: гарм ва хунук. Тарзи хунуки рангкунӣ тавассути нил ба ҷо оварда мешуд. Нилро якчанд оилаҳои яҳудии осиёимиёнагӣ, ки дар Қаротоғ зиндагӣ мекарданд тайёр менамуданд. Устоҳое, ки бо усули гарм рангубор мекарданд, онҳоро «устои рангрез»

пешина
аз 214
навбатӣ