Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Касбу ҳунарҳо аз насл ба насл гузашта то имрӯз баъзеашон давом доранд.
БОФАНДАГӢ
Дар Қаратоғ аз ибтидои асри XIX сар карда то солҳои 60-уми асри XX бофандагӣ ривоҷу равнақ ёфт. Мувофиқи нақли пирони солхӯрдаи деҳа то Инқилоби Бухоро дар Қаратоғ бештар аз 3 ҳазор дӯкони бофандагӣ мавҷуд буд. Ба бофандагӣ бештар мардҳо машғул мешуданд. Занҳо ба резандагӣ ва дигар корҳои косибон кӯмак мерасониданд.
Устокорҳои калон дар ҳавлиашон то 5—6 дӯкони бофандагӣ доштанд. Дар дӯконҳо халифаҳо (мардҳое, ки меҳнати кироии бофандагӣ мекунанд), кор мекарданд. Онҳое халифагӣ мекарданд, ки қобилияти хуби бофандагӣ доштанду худашон ашёи хом ба даст оварда наметавонистанд.
Матои бофандагони Қаратоғ «алоча» ном дошт. Косибон бештар 20 намуди алочаро мебофтанд: Сиёҳала, Чортег, Абдушаидӣ, Чигӣ, Сиёҳқор, Мушку заъфар, Алифӣ, Маҳмадшоҳии зирагӣ, Кӯлобии Миёнкӯфтаи Думокугӣ, Сусӣ ё сусии Маҳмадшоҳии селакӣ, Кӯлобии Миёнкӯфта, Алочаи Бойсунӣ, Нимшоҳӣ, Кабутак, Пӯсти Мор, Маҳмадшоҳӣ, Ҷанда, Пари Пашша, Ғарбӣ, Яктегай, Ҷомагӣ, Параха, Лолагӣ, Маҳмадшоҳии Сурх, Сусии Миёнакӯфтан Сурху Сафед, Сусии Сурху Сафед ва ғайраҳо. Алочаро бисёр вақт «кор» ҳам ном мебаранд. Чунончӣ кори сусӣ, кори селакӣ ва амсоли онҳо.
Алочаи косибони Қаратоғ ба ғайр аз бозори шаҳри Қаратоғ дар бозорҳои Регару Деҳнав ва Ҳисор бештар фурӯхта мешуданд. Ашёи хом барои косибон нахи пахта буд. Пахтаро ба бозори Қаратоғ аз бекигарии Шеробод меоварданд. Дар Шеробод пахтакорӣ ривоҷ ёфта буд. Дар растаи калобаи бозори Қаратоғ ҳам пахтаю ҳам калоба мефурӯхтанд. Нахи абрешимро аз бекигарии Қубодиён меоварданд. Пахта тавассути ҳаллоҷӣ аз пундона ҷудо карда, бо савачӯб «сохта», яъне ҳамвор карда мешуд (ҳаллоҷӣ дастгоҳи оддинест, ки пундонаро аз пахта ҷудо мекунад). Пахтаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё