Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
онро ба қуттиҳои коғазӣ меандозанд. Ҳалвои кунҷибӣ бо ҳамин усул тайёр мешавад. Баъзан ба ҷои кунҷит мағзи чормағз, чормағзи заминӣ, бодом ва мағзи пистаро истифода мебаранд.
Барои тайёр кардани ҳалвои лафз қиёми тайёрро, ки шакли хамири сахтро гирифтааст, нисфашро ба деги дигар гирифта, ба нисфи дигараш ранги хӯрдани меандозанд. Онро бо орд меомезанд. Қиёме, ки ранг надошт, ба он ҳам орд омехта мекунанд. Баъд онро рӯи лаълӣ гузошта чун қолаб ба як андоза мебуранд, ҳалвои лафз тайёр мешавад. Дар гузашта, рангҳои хӯрдани камчин буданд ва барои ранг аз шарбати меваҳо истифода менамуданд.
Барои тайёр кардани ҳалвои пашмак, қиёми бо бех пухтаро гирифта, бо ордбирёне, ки бо равғану орд тайёр карда шудааст, омехта намуда молиш медиҳанд. Омехтаи қиём ва ордбирёнро дар мехе, ки дар танаи чӯб кӯфта шудааст, мезананд. Ранги омехта сафед мешавад. Баъд онро дар болои зарфи калон гузошта аз чор тарафаш мекашанд, то он даме, ки дар омехта торҳо пайдо гарданд. Вақте ки ҳалво шакли мӯякро гирифт, онро аз рӯи андозаи муайян бурида, коғазпеч мекунанд. Барои лаззати хушбӯй кардани ҳалво ё қандфуд қаннодон каме ҷавҳари лимӯро дар қиём ҳамроҳ мекунанд.
Барои тайёр кардани қандфуд, қиёмро хунук карда, дар мех меовезанд, баъд дар рӯи лаълӣ гузошта, пилтамонанд мебуранд. Қиём тамоман хунук ва пилтаҳои бурида сахт мешаванд. Сонӣ пилтаҳои буридани қандфудро ба коғазҳое, ки чун кокул бурида шудааст, мепечонанд. Рангорангии коғазҳои қандфуд, ҳусни бозору дилкаши харидор мегардад. Махсусан кӯдакон қандфуди кокулдорро дӯст медоранд.
Барои тайёр кардани нишолло бехро дар дег зада шираноқ мекунанд. Ва ба он сафедаи тухмро андохта, оҳиста-оҳиста қиём мерезанд ва бо ҷилчӯб мекобанд, аз кафки пайдо шуда, баъд аз як соат нишолло тайёр мегардад. Дар Қаротоғ қаннодон нишоллоро бештар дар моҳи «Рамазон» тайёр мекунанд.
Шоири муосир Сайфӣ дар ситоиши қаннодон бисёр ҳам байти дилчасперо мерос гузоштааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё