Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар куҷо ёди лаби он бути қаннод кунанд,
Шакару қанд чӣ бошад, ки аз ӯ ёд кунанд.
(16, саҳ. 673).

Қаннодон дар ҳар як маҳаллаи Қаратоғ зиндагӣ мекарданду дар бозори Қаратоғ растаи ҳалвогарон вуҷуд дошт. То имрӯз номҳои ҳалвогарон — Содиқи ҳалвогар, Холи ҳалвогар, Болтуҳалвогар вирди забони мардуманд. Имрӯз бошад, фарзандони онҳо пешаи падару бобоёни худро тақлид мекунанд.

ҚАРОТОҒ МАРКАЗИ САВДО

Ёфт шудани тангаҳои дар давраҳои гуногун сикка зада шуда, аз деҳаи Қаратоғ ва атрофи он гувоҳи он аст, ки муносибатҳои тиҷоратӣ дар байни Қаратоғу дигар кишварҳои Осиё хеле барвақт ривоҷу равнак ёфтааст. Тангаҳо яке аз сарчашмаҳои муҳими таърихӣ буда, дар ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи қадим мадад мерасонад. Танга аз фулузи гуногун: тилло, мис, сурб, арзиз ва дигар фулузҳо сикка зада, ҳамчун воситаи хариду фурӯш ва пардохт истифода мешуд. Танга қариб дар як вақт асрҳои 8— 7 то милодӣ дар давлати Лидия (Осиёи Хурд) ва ҷазираи Эгина (Юнони қадим) пайдо шудааст (20, саҳ.
246).

Дар натиҷаи ҳафриёт 5 км дуртар аз деҳаи Қаратоғ, дар мавзеи шаҳри қадиман Шаҳринав тангаҳои давраи Кӯшониён ба даст омадааст, ки мансуби асри I — III мебошанд. Ин тангаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳануз дар давраи пеш аз милод ва асрҳои миёна дар водии Ҳисор вуҷуд доштанд. Тангаҳои бурҷи нумизматикаи осорхонаи деҳа мансуби сиккахонаҳои Ҳисор, Самарқанд, Бухоро, Афғонистону Эрон ва сиккахонаҳои Россияи подшоҳианд. Тангаҳои гирдovarдашудаи осорхонаро олим, сиккашиноси Донишкадаи таърихии АУ Тоҷикистон Давлатхоҷаи Довуд муайян ва тадқиқ намуд. Тангаҳои нуқрагии сулолаи Чагатониён мансуби сиккахонаи Самарқанд буда, соли 1326—27 сохта шудааст. Тангаҳои мисӣ ба давраи Темуриён мансуб буда, соли 1428 — 29 сикка зада шудаанд.

пешина
аз 214
навбатӣ