Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

19 феврали соли 1921 қисмҳои Армияи Сурх аз Деҳнав ба роҳ баромаданд. Душман қариб тамоман муқобилат нишон надода, ба самти Ҳисор — Қаротоғ ақиб менишаст. Дар охири рӯз полкҳои пешгарди корпус ба Регар расиданд.

Саҳарини 21 феврали соли 1921 қисми Армияи Сурх Душанбе — қароргоҳи амирро бо ҷанг ишғол намуданд. Ба ҳамин тариқ, лашкари 4 ҳазорнафараи амир торумор карда шуд ва нуқтаҳои такягоҳи он ба дасти аскарони Армияи Сурх гузашт. (21. саҳ. 174).

Ба ин муносибат полки 8-уми тирандози Туркистон барои корнамоиҳои ҷангӣ бо Байрақи Сурхи инқилобии фахрӣ мукофотонида шуд.

Дар водии Ҳисор охири солҳои 1922 ва аввалҳои соли 1923 Темурқурбошӣ, Мулло Ниёз Ганҷал ва дигарон йигитҳои парокандашудаи худро аз нав ҷамъ карда, ба қишлоқҳо ҳуҷум мекарданд.

Охири соли 1924 аз дастаи Мулло Раҷаб (қурбошии Регар) наздиктарин ёрдамчии вай — Кокул-қурбошӣ дастгир карда шуд, бо ҳукми суди кушода дар Қаротоғ рӯзи якшанбе парронда шуд. Ҳалокати Кокул-қурбошӣ, ки такягоҳи калони босмачиёни тумани Қаротоғ буд, дар баёни дастаҳои ғоратгарон бесарусомонии калон ба амал овард.

Мо дар бораи барқароршавии Ҳокимияти Шӯроӣ дар Қаротоғу ноҳияи Турсунзодаи имрӯза, аз хотираҳои инқилобии Ҳ. Мақсуд, М. Саъдулло ва А. Бобокалонзода бештар маълумот мегирем.

ҲИҚМАТ МАҚСУДОВ

Ҳ. Мақсудов соли 1903 дар деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Дар айёми ҷавониаш бепадар монда, дар оилаи тагояш тарбия ёфт. Аз рӯи барпо карда шудани Ҳокимияти Шӯроӣ дар Тоҷикистон Мақсудови 18-сола дар органҳои маҳаллии Ҳокимияти Шӯроӣ хизмат кардааст. Дар солҳои 1921—22 дар шӯъбаи озуқавории кумитаи инқилобии Қаротоғ кор кард. Дар солҳои 1923—24 котиб, ҷонишини раиси кумитаи инқилобии (тумани) Қаротоғ, ҷонишини раиси

пешина
аз 214
навбатӣ