Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
буданд. Босмачиён барои воҳима андохтан аз чор тарафи сарой шагол барин якбора уллос мекашиданд. Онҳо оби ҷӯеро, ки аз даруни бошишгоҳ мегузашт хушк карданд. Темур боварии куллӣ дошт, ки ҳуҷуми ғоратгаронаи худро барқвор бомуваффақият анҷом хоҳад дод, лекин кор ранги дигар гирифт. Баръакс нокомиҳои ҷиддӣ рӯй доданд. Наздиктарин одами ӯ Қуллӣ — командир, ки хеле ҷасур ба шумор мерафт сахт ярадор шуд. Аз паси ин Кенча Додҳо, ки ба гурӯҳи босмачиёни лақай сардорӣ намуда аз самти ҷанубии бошишгоҳ меҷангид, аз даҳонаш тир хӯрда мурд. Ғайр аз ин, бисёр босмачиёни дигар кушта ва ярадор шуданд.
Темур аъёну ашроф ва мӯйсафедони Қаротогро ҷамъ оварда, маҷбур кард, ки бошишгоҳро таслим кунонанд. Дар айни ҳол вай ҳамаи фиребу найрангҳои рӯбоҳонаашро ба кор андохта, ҳатто ба Қуръон қасам хӯрд, ки ба таслимшудагон зараре намерасонад. Калоншавандагон аз он ҷумла Иброҳимбой, ки додараш Одинаев дар бошишгоҳ буд, аввал бо байрақчаи сафед ба бошишгоҳ наздик омада, бо овози баланд Одинаевро номбар намуда, ба таслим шудан даъват карданд. Аз бошишгоҳ Одинаев аз номи ҳамаи мудофииён ин таклифро рад намуда, фармуд, ки аз назди бошишгоҳ раванд, набошад, ҳадафи тир хоҳанд шуд. Баъд аз ин Темур мактуб навишта, таслим шудани мудофииёнро талаб кард. Ин мактубро ба воситаи Калӣ Шариф ном хизматгорбачаи бой ба бошишгоҳ дароварданд. Мудофииён қосидро дар назди худ нигоҳ дошта, ба мактуб бо тир ҷавоб гардонданд. Рӯз пешин шуд, ҷанг давом мекард. Аз мудофииён Раҷаби милиционер, ки аз тири ӯ Қуллӣ — командир сахт ярадор шуда буд, аз дасти чапаш тир хӯрд. Вай бо вуҷуди ин, баъди баста, дору кардани дасташ, бо дасти дигари худ милтиқро гирифта ҷангро давом дод.
Темур боз ба бошишгоҳ хат фиристода, дафъаан охирин таслим шудани онҳоро талаб кард ва огоҳ намуд, ки агар ин таклифро ҳам қабул накунанд, вай бошишгоҳро оташ зада бо мудофиачиёнаш нест хоҳад кард. Ин хат ба воситаи Эшонқул ном сағираи 10—12 сола фиристода шуд. Мудофиачиён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё