Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Ҳамин тавр, отряди Қаротоғ на фақат дар кори пароканда намудани дастаи Темур қурбошӣ, балки барои дар ҷанги охирине, ки дар он сари вай гирифта шуда буд (охири соли 1925) бевосита ва фаъолона иштирок кард. Дар натиҷаи гузаронида шудани як қатор тадбирҳои сиёсӣ-хоҷагӣ аз тарафи ҳизб ва ҳукумати ҷумҳурият, баланд гардидани шуури сиёсии оммаҳои меҳнаткашон чунин шароит ба вуҷуд омад, ки басмачиён маҷбур гардиданд ба таври оммавӣ бо яроқҳои худ ба органҳои маҳаллии Ҳокимияти Шӯроӣ таслим ва бо меҳнати осуда машғул шаванд.
Ононе ки аз таслимшавӣ гарданкашӣ мекарданд, дучори зарбаи марговари қисмҳои ҳарбии Армияи Сурх ва отряди ихтиёрӣ гардида ё ба ҳалокат мерасиданд, ё асир гирифта мешуданд.
Ҳамин тариқ, дар охирҳои соли 1925 ва аввалҳои соли 1926 дастаи Темур қурбошӣ торумор карда шуд, худаш бошад, бо ҳамроҳии додараш Ҳусейн ва саисаш — Давлат дар кӯҳсор пинҳон шуда мегаштанд.
Ҳамон вақт дар Қаротоғ бо роҳбарии умумии аъзои комиссияи шӯрои ҳизбии Ҷумҳурияти Худмухтори Тоҷикистон, котиби кумитаи ҳизби вилояти Ҳисор Яҳё Афзалӣ бо иштироки бевоситаи комиссияи мубориза бо босмачиёни тумани Қаротоғ, ки раисаш Зоҳид Одинаев, аъзоёнаш Бобораҳим Саидов, Мулломирсаид Холов, намояндаи идораи сиёсии давлатии ГПУ-и вилояти Ҳисор Муллоҷон Саъдуллоев, ки он вақт барои тафтиши кори босмачиёни асирафтода ва ёрдамчиёни фошгардидаи онҳо ба Қаротоғ омада буд, ба кофтукови Темур машғул шуданд.
Сокинони қишлоқи Сангиҷоби тумани Қаротоғ Раҷаб Қурбонов барои халос кардани додараш Мелик Қурбонов, ки босмачӣ шуда, ба ҳабс афтода буд, кӯшиш мекард. Вай бо маслиҳати оқсақоли қишлоқи Сангиҷоб Арбобшариф Мирзоев ба назди Саъдуллоев ва Зоҳид Одинаев омада, ваъда дод, ки барои ёфта додани ҷои воқеъгардидаи Темур хизмат хоҳад кард ва илтимос намуд, ки ба ивази ин додарашро баъди ба даст афтодани Темур аз ҳабс озод кунанд.
Темур қурбошӣ шабе бо ҳамроҳии додараш Ҳусейн ва саисаш Давлат ба қишлоқи Сангиҷоб омаданд. Арбоб Шариф ҳам, вақтро аз даст надода, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё